Бар кори кардаи худ асло макун ту миннат,
Аз молу ганҷи дунё ҷони ману ту қиммат.
Рафтанду мо равонем, ин аст расми дунё,
Чанд аст умр охир бинвишта дар насибат.
Орои санги мармар аз баҳри зиндагон аст,
Рӯҳи гузаштагонро як каф дуо ғанимат.
Гар қадри худ бидонӣ, донанд дигарон ҳам,
Аз гиря кардани мо дигар нагашт қисмат.
Бегона мешавад кас берун зи хоки меҳан,
Набвад агар ба дилҳо меҳру ғурури миллат.
Кӯтоҳ умри одам, як зарра пеши дунё
Дар чашми мо натобад роҳи дарози зулмат.
Имрӯз Мустақиме сӯйи Ватан равон шуд,
Пазмони хоку сангаш андар бурун ба хидмат.
23-06-2025
Мустақим.