ВАТАН НАВРУЗ ДОРАД
МО НАДОРЕМ.
Ватан навруз дорад мо надорем,
Чаро, ки мо гарибу дилфигорем.
Ватан навруз дорад мо надорем,
Зи гирдоби чаман дуру канорем.
Шудем дур аз ватан бо амри такдир,
Шудем дур аз диеру хешу тадбир.
Шавем гамгин дар ин гуна лахзот,
Чаро, ки нестем дар сайри дехот.
Хама хамватанон шодону хандон,
Дар ин рузои хуши навбахорон.
Раванд бо хам сайри дашту сахро,
Хонанд ашуълаи наврузи навро.
Наояд бар димогмон буйи Коку,
Наояд бар сурогмон дусти дилчу.
Надорем дастархони пур зи анво,
Ба хафтсину хафтшин шуда оро.
Надорем эхсоси буйи хушрас.,
Ба тан перохани зебои адрас.
Ба сар токии зардузии зебо,
Ба лаб ханда дар дилхо хувайдо.
Малика Урфони