БАРОИ_ИБРАТ...
Хоҳар, ки ду фарзандашро аз пасаш гирифта, як фарзанди дигарашро дар оғӯш дошт, вориди хонае, ки зодаву калон шуда буд, даромад ва гиря кард. Бародар инро дида чизеро нафаҳмид. Аммо хоҳар, ки худро ба оғӯши ӯ партофт, гиряву пичирросзанӣ мекард: "Фарзандонам аз меҳри падар маҳрум мешаванд?" Ако бошад, гӯё каме фаҳмид, ки гап дар куҷост ва саволи «аммо барои чӣ» пайваста дар забонаш пайдо мешуд. Чанд гумони нек ва бад якбора аз сари Акояш гузашт. Ақли худро дошта гуфт:
— Хоҳар, агар ҳамаашро оҳиста нагӯӣ, ман ҳоло девона мешавам. Бо поччоям чӣ шуд ё ӯ чӣ кор кард? ”
Хоҳар ашки чашмонашро пок карда, ба лаби курсӣ нишаст. Инро дида, арӯси акояш тифлро ба оғӯш гирифта, ду п