Дили ман нест чу обе, ки ба ҳар ҷӯй давад,
Дили ман нест насиме, ки ба ҳар сӯй давад.
На чу овора ба ҳар ҷо ба такопӯй давад ,
Лек, чун ҳусни туро дид, бирафт аз паи ту.
Дили ман на чу ниҳолест, ки пайванд кунанд,
Кӯчаташ карда ба ҳар ҷову самарманд кунанд.
Ё ки беҳуда паи сӯхтан аз ҷой кананд,
Дили ман меҳрпараст аст садоқат дорад.