Гумон манмо,ки бедардам,
Гумонам дард дорад дард.
Саломат нест пиндорам,
Равонам дард дорад дард.
Дарун андар даруни синаам,
Ногуфтахо гирён.
Ба дидан шод метобам,
Нихонам дард дорад дард.
Замин аз носипосии,
Заминсузон ба танг омад.
Зи берахмии инсонхо,
Чахонам дард дорад дард.
Намеёбам чу дармоне,
Зи дорухонаи Айём.
Табиберо чу сон гуям,
Ки чонам дард дорад дард.