Саҳар бархезу тоат кун , ки тоат беҳ зӣ ҳар кор аст,
Саодат он касе дорад, ки пеш аз субҳ бедор аст.
Дилам гуяд, ки бархезам, ҳаво гуяд, ки дам дигар,
Ҳаворо зери по орам, ки он ҷо амри Ҷаббор аст.
Чу мурғон ҳар саҳар гӯянд: "Қум ё айюҳал ғофилин"
Ки ту дар хобию надонӣ, касе донад, ки бедор аст.
Аз ин беҳтар, ки бархезӣ, зӣ дида хуни дил резӣ,
Зӣ дасти ҷаҳл бигрезӣ, ки шайтон сахт маккор аст.
Аё эй Шамси Табрезӣ, гаҳе шаҳду шакар резӣ,
Агар сад сол бигрезӣ, ки охир марг даркор аст.