(МОҲИ РАМАЗОН ОМАД)
Нуре ба ҷаҳон омад,
Бар дидаву ҷон омад.
Бар пиру ҷавон омад,
Чун шодирасон омад.
Моҳи Рамазон омад,
Бо марҳамати Раҳмон.
Бо ғул-ғулаи Қуръон,
Бар мардуми боимон.
Аз ғайб нишон омад,
Моҳи Рамазон омад.
Бӯи хуше аз Аҳмад,
Аз Кавсару аз Ҷаннат.
Ҷоне ба дили Уммат,
Чун руҳи равон омад.
Моҳи Рамазон омад,
Навмед бишуд шайтон.
Занҷирбасару печон,
Побаставу дар зиндон.
Токи ба фиғон омад,
Моҳи Рамазон омад.
Шуд банд дари исён,
Бо раҳмати ҲақСубҳон.
Моҳи нузули Қуръон,
Бингар,ки чӣ сон омад.
Моҳи Рамазон омад,
Моҳи талаби ҳоҷат.
Аз Қодири боқудрат,
Як моҳи пур аз ҳикмат.
Дарёб,ки равон омад ,
Моҳи Рамазон омад.
Омад - омади моҳи Шарифи Рамазон муборак бошад, азизони дилу ди