"МОДАР ВА ФАРЗАНД"
Модар бемор мешаваду нимашаб писараш назди болини модар меояду мешинад.Модар бо ранги зарду бо нигоҳи бораҳм ба фарзандаш менигараду бо овози хастаю ларзонаш мегуяд:
- Яи шуд писарам,чаро хоб нести?
Писар мегӯяд:
- Модар,аз овози нолиши шумо хобам намебарад,агар илоҷаш бошад,паст нолиш кунед,каме ману келину набераҳоятон хоб кунем.Саҳар ман кор меравам,келин аз паси шумо медавад,набераҳоятон мактаб мераванд.Модар бо чашмони ашколуд мегӯяд:
- Майлаш писарам,баҳузур хоб кунед.
Писар хоби хуш гуфта,ба хонаи хобаш мераваду хоб мекунад.Саҳар аз хоб хеста,назди модар меояду мешинад.
"Оча хезед,рӯз шуд,наҳорӣ кунем",мегӯяд.
Модар бошад,барвақт ҷонро ба ҳақ таслим карда буд.Писар