Қалам ба даст мегираму намедонам аз интизорӣ оғоз намоям ё аз ноумедӣ. Ин калимаҳоро ба забон оварда, ёди ишқи покамро мекунам, ёди рӯзҳои ширин, айёми умеду орзуҳои рангин,вале aфcӯc… Акнун ҳамеша пеши чашмам интизорӣ, роҳпоӣ ва орзуи дидори ту ҷилвагар асту халос. Ҳарчанд ба худ савол медиҳам, ки чаро ишқи покамро ба муҳаббати сохта иваз намудӣ, чаро тарки ман намуда, дигареро азизи дилу дида хондӣ, чаро диламро пора-пора сохтӣ, вале ҳеҷ ҷавобе намеёбам. Ин cаволҳо ҳамеша дар сарам чарх зада, маро нороҳат месозанд, вале чӣ кунам, ки ҷавобе намеёбам, то дилам таскин ёбад. Чӣ қадар дӯстат медоштам, ҳар як суханат ба ман қувваю нерӯи дигар мебахшид, вале… Дар аввал гумон доштам, ки муҳаббати