Хеч неъмат бехтар аз фарзанд нест,
Чуз ба чон фарзандро пайванд нест.
Хосил аз фарзанд гардад коми мард,
Зинда аз фарзанд бошад номи мард.
Дастат у гирад агар афти зи пой,
Поят у бошад агар мони ба чой.
Пуштат аз пуштии у гардад кави,
Умрат аз дидори у ёбад нави.
Душманатро шева аз у шеванаст,
Хоса гуи бахри кахри душманаст.