Ҷамъият ҳар қадар тағйир ёбаду пеш равад ҳам, чизҳои муқаддасе ҳастанд, ки новобаста аз синну сол, миллат ва ҷинсият дар ҳама давру замон аҳамият ва қадру қимати худро гум намекунанд. Яке аз чунин чизҳои муқаддас дӯстӣ аст. Дӯсти ҳақиқӣ ин пеш аз ҳама шахсест, ки дар ғаму шодии инсон шарик аст ва омода аст, ки дар ҳама ҳолат дасти ёрӣ дароз кунад. Чуноне, ки шоир гуфтааст: Дӯст машмор, он ки дар неъмат занад, Лофи ёрию бародархондагӣ. Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст Дар парешонҳолию дармондагӣ. САЪДӢ Мақоли машҳури русие аст, ки “Дустонро вақти мусибат метавон шинохт”. Лекин гоҳо мешавад, ки дустони ҳақиқиро дар ҳолати хурсандӣ хубтар мешиносӣ. Чаро ки дар рӯзҳои хурсандӣ, масалан агар ша