Инсон аз марг мегурезад ва
чун бемор мешавад аз тарси
ин, ки мабодо бимирад, бошитоб худро
муолича мекунад. Чое, ки эҳсос мекунад
буи марг меояд, он чо по намегузорад, вале
марг аз чои дигар меояд. Ҳар қадар зирак
боши ҳам, марг аз ту боҳуштар аст, ҳар
андоза гарданғафс ва сармоядор боши
ҳам, и корашро мекунад. У ҳаргиз дари
хонаеро ба нияти ичозат гирифтан
намезанад ва ҳеч ҳичобу деворе монеъаи
даромадани у намешавад ва бадал (иваз)
ҳам қабул намекунад. Кафил намегирад,
раҳм бар хурду бузург намекунад. Пулу
моли инсон монеъаи кори у намешавад.
Ришва қабул намекунад, ҳимоятгар ва
супориши касеро намепазирад. Лаззатҳоро
аз байн мебарад ва амали инсонро қатъ
мекунад. У ҳақ ас