Клуби Футболи «Эсхата» гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистонро пазируфт
26 январ дар доираи омодагӣ ба мавсими нави футбол, КФ «Эсхата» гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистонро пазируфт. Дар ҷараёни боздид аз идораи марказии ҶСК «Бонки Эсхата» дар шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ бо роҳбарияти бонк баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои омодагии даста, истифодаи варзишгоҳи хонагӣ ва рушди минбаъдаи клуб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Намояндагони ФФТ натиҷаҳои баланди варзишии КФ «Эсхата», аз ҷумла роҳ ёфтан ба финали Ҷоми Тоҷикистон–2025, инчунин дастгирии мунтазами клуб аз ҷониби ҶСК «Бонки Эсхата»-ро баланд арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон, ба рушди футболи занона диққати махсус дода шуд. Роҳб