Дар ҷаҳон одам ба одам дил сиёҳ аз баҳри пул,
Кинаю ҳашму адоват доимо аз баҳри пул.
Ягдигар аз ягдигар доим ҷудо аз баҳри пул,
Рӯзу шаб ҷанҷолу ҷангу моҷаро аз баҳри пул.
Пул набошад дар барад ҳеч кас намедиҳад салом,
Наки меҳмон дӯстиву на иззату на эҳтиром.
На зиёфат на муроат на ки чою на таом,
Доимо пайдо шавад ҳар муддао аз баҳри пул.
Қомати хам гаштаро пул мекунад шоҳӣ ҷаҳон ,
Гар ба қошат мӯй набошад пул кунад абру камон.
Бад намо бошад рӯят ба болояш пул бимон,
Дар назар зебо шавад ҳар бад намо аз баҳри пул.
Баҳри пул одам ба одам душмани бар қасди ҷон,
Баҳри пул шаб хоб несту давдавон аз баҳри пул
Баҳри пул дарди дилу дарди миён,
Доимо барпо шавад ҳар муддао аз баҳри пул
Рӯзу шаб ҷ