Ба сина мушти мардӣ мезанам ай сарзамини ман,
Ки ҳатто мушти хокатро ба душман ман нахоҳам дод.
Ба зиди лашкари бадхоҳ болои ду по истам,
Барои мушти хокат ҷони худ садбора хоҳам дод.
Занам оташ дару хонаш, бирезам хун зи чашмонаш,
Вале ман аз тану ҷонам барояш қатрае аз хун нахоҳам дод.
Агар душман туи, пас мард бош эй душмани номард!
Ки ҳеҷгоҳ дасти худ бар панҷаи номард нахоҳам дод.
Туро сад пора месозам, туро овора месозам,
Ту бовар кун, ки рӯзе ман туро бечора месозам!
20•04•2021.