Ҳар субҳи Бомдодӣ,
Хезӣ агар ба шодӣ.
Чаҳор ракааташ бихонӣ,
Шайтон зи роҳ биронӣ.
------------------------------
Вақти Намози Пешин,
Болои ҷойнамоз шин.
Ё Раб бигую омин,
Худро накун ту зомин.
------------------------------
Намози Аср омад,
Сад малоик даромад.
Аз сураҳои Қур'он,
Тадбиру қомат омад.
------------------------------
Вақти Намози Шом шуд,
Хез дуст кор тамом шуд.
Биё Намоз гузорем,
Шайтон дар лаби бом шуд.
------------------------------
Вақти Намози Хуфтан,
Розу ниёз гуфтан.
Аз даргаҳаш талаб кун,
Роҳи Биҳиштро ҷустан.