Ин умр, ки чун оби равон мегузарад, Аз раҳгузараш пиру ҷавон мегузарад. Ҳарчанд ту оҳиста варо сарфа кунӣ, Пинҳону аёну барқсон мегузарад.
    4 комментария
    19 классов
    Гулчехра Хомидова Баракати хонадон Мо хеле бой зиндагӣ мекардем. Хеле ҳам. Дасти падарам ба ҳар куҷое ки мехостанд, мерасид. Дар хонаи мо боз як нафари дигар — аммаам низ зиндагӣ мекарданд. Дар зиндаги,оиладорияшон нашуд ва ба хонаи мо баргашта омада буданд. Бо гузашти вақт, бешавҳарӣ ба онҳо аз ҳар ҷиҳат таъсир кард. Аввал гӯшҳояшон вазнин шуд, баъд ба айнак ниёз пайдо карданд, баъдтар асабӣ ва ҷанҷолӣ шуданд. Падарам пас аз вафоти бобою бибиам, ба аммаам мисли модарашон ғамхорӣ мекарданд. Аммаи беозорам моро хеле дӯст медоштанд. Азбаски фарзанд надоштанд, барояшон раҳмам меомад. Ҳоло, ки худам зани калон шудам, умри гузаштаи онҳоро таҳлил карда, тарсам меояд. Мехоҳам ба онҳо аҳсан ва тасанно бигӯям, ки танҳо зиндагӣ карда, ягон бор таъна назаданд. Дар ҳақиқат, танҳо зиндагӣ кардан, танҳо гузаштани умр ва боз бефарзанд аз дунё бе ному нишон рафтан худ як даҳшат аст. Рӯзе чизе шуду онҳо бо падарам баҳс карданд ва тасмим гирифтанд, ки ба хонаи амакам кӯчида раванд. Рӯзи рафтанашон аз ҳуҷраашон мактубе пайдо кардам. Дар он чунин навишта шуда буд: “Модарҷон, имрӯз шуморо сахт ёд кардам. Додарам, ки худам ӯро бардошта калон карда будам, ба сарам дод зад. Додарам, ки намегузоштам касе ӯро гирёнад, имрӯз маро гирёнд. Додарам, ки барои ифлос нашудани либосҳояш ӯро дар пуштам мебардоштам, имрӯз диламро сиёҳ кард. Модарҷон, кӯдакиямро ёд карда истодаам...” Лаҳзае хомӯш мондам ва ашкҳоямро пинҳонӣ пок кардам. Росташро гӯям, инҳоро хонда гиристам. Хатти навиштаашон ҳам мисли кӯдакон буд. Аммо аз ҳамон рӯзи рафтани онҳо, баракат аз дасти падарам парида рафт.Падарам бо баробари хоҳар, давлаташонро ҳам гум карданд. Дар ҳақиқат, Аллоҳ ризқро ба хотири пайвандон ва хешовандон дучанд медодааст... #ҳикоя #қиссаи_пандӣ #зиндагӣ #андеша #ибрат #хоҳар_бвродар #оила #Тоҷикистон
    5 комментариев
    26 классов
    ПЕШ АЗ #ХОБ Тӯфон дар яке аз сохтмонҳои калони Русия ҳамроҳи даҳ нафар ҳамватанони худ кор ва зиндагӣ мекард. Ҳама аҳлона кор мекарданд, пули ёфтаашонро ба ватан мефиристоданд. Вале Тӯфон ҳунари сохтмониро суст медонист, ба ҷои ин, вай ҳунари гӯш карданро такмил дода буд. ​У ҳар рӯз пинҳонӣ ба назди сардори сохтмон (прораб) мерафт ва бо забони шикастаи русӣ хабар мебурд: — Начальник, фалонӣ имрӯз ним соат дер омад.Фалонӣ дар вақти кор чой хӯрд.. Он дигарӣ мегӯяд, ки шумо пулро кам медиҳед. ​Тӯфон фикр мекард, ки бо ин кораш назди сардор одами хуб мешавад ва шояд ӯро бригадир таъйин кунанд. Сардор хабарҳоро мешунид, сар меҷунбонд, вале дар дилаш ба ин хабаркаш нафрат дошт. ​Рӯзе Тӯфон ба бачаҳо гуфт: — Бачаҳо, сардор гуфт, ки агар пагоҳ корро зуд тамом накунед, ҳамаатонро пеш мекунад. Ман бисёр хоҳиш кардам, ки шуморо пеш накунад, вале у бисёр одами бад,миллатгаро аст. ​Дар асл, сардор чунин гап нагуфта буд. Тӯфон мехост бачаҳоро тарсонда, худро наҷотдиҳанда нишон диҳад. Вале як рӯз сардор ҳамаро ҷамъ кард ва пурсид: — Барои чӣ ҳамаи шумо ба ман бо шубха нигоҳ мекунед? Чӣ шуд? ​Яке аз бачаҳо, ки Парвиз ном дошт ва одами боҷуръат буд, ҳақиқатро гуфт: — Тӯфон гуфт, ки шумо моро ғулом хондед ва гуфтед, ки бе пул пеш мекунед. ​Сардор хандиду Тӯфонро ба миён кашид ва гуфт: ​— Тӯфон, ту фикр кардӣ, ки дар ин ҷо бозии кӯдакона рафта истодааст? Одаме, ки дар ғурбат ба ҳамватани худ хиёнат мекунад, на ватан дораду на виҷдон , вай танҳо як сояи палид аст. Ту барои он ки худатро беҳтар нишон диҳӣ, нони даҳ нафарро зери хатар гузоштӣ. Ту фикр кардӣ, ки ман ба хабаркаш бовар мекунам? Касе, ки дӯстонашро мефурӯшад, пагоҳ маро ҳам мефурӯшад. ​Тӯфонро ҳамон рӯз аз вагон ва аз сохтмон пеш карданд. У дар шаҳри бегона, бе пул ва бе дӯст монд. Ҳеҷ кас аз ҳамватанон ӯро ба иҷора нагирифт, чунки овозааш мисли барқ паҳн шуд: Тӯфон хабаркаш аст, эҳтиёт шавед. ​У маҷбур шуд, ки ба ватан баргардад. Вале дар деҳа ҳам касе ба ӯ бовар намекард. Вақте вай дар чойхона менишаст, мардум мегуфтанд: Ин ҳамон Тӯфонест, ки дар Русия бачаҳои моро фурӯхта буд. Дар зиндагии реалӣ, суханчин дар ғурбат ин хиёнат ба хамватан аст. Забони Тӯфон на танҳо ӯро бекор ва беобрӯ кард, балки аз вай як ятими зинда сохт, ки ҳатто дар ватанаш касе ба ӯ салом намедод. ​Суханчин ҳамеша мехоҳад тӯфон барпо кунад, вале дар охир худаш дар он ғарқ мешавад. Шахлои Начмиддин 🌹 🌹 🌹 🌹 🌹 🌹
    1 комментарий
    17 классов
    Ба мо менависанд. Рози дил: Бахти дуюмам ва имтиҳони тоқати ман ​Ассалому алайкум, апаи Шаҳло ва аҳли гурӯҳи «Кошонаи Шаҳло»! ​Ман як хонандаи шумо ҳастам ва мехоҳам дарди диламро ин ҷо ифшо созам. Дар зиндагӣ бисёр азоб кашидам, бозиҳои тақдир маро зиёд имтиҳон карданд. Хоҳиш мекунам, маро маломат накунед, зеро танҳо роҳи наҷотро дар маслиҳати шумо мебинам. ​Ман бори дуюм бахтамро санҷидам. Шавҳарам ҷавони бисёр хуб ва боинсоф аст. Ӯ маро бо писарам қабул кард ва мо ҳашт моҳ мешавад, ки бо ҳам зиндагӣ дорем. Шавҳарам соҳиби хонаву дару мошин ва кори хуб аст, аммо мушкили асосии ман оилаи ӯст. ​Модараш (хушдоманам) нисбат ба ман рашки зиёд дорад. Ҳар як қадаму кори маро зери назорат мегирад ва намехоҳад, ки мо хушбахт бошем. Илова бар ин, хоҳаршӯям аз шавҳараш ҷудо шуда, дар хонаи мо зиндагӣ мекунад. Онҳо гӯё танҳо барои пулу молаш шавҳари маро дӯст медоранд. Ҳамеша ҷангу ҷанҷол барпо мекунанд ва ба гӯши шавҳарам гапҳои ноҷо мегӯянд. ​Шавҳарам мегӯяд: ​Аз рӯзе, ки ту қадам ба ин хона мондӣ, баракат омад. Ту маро аз роҳи бад гардондӣ ва шукр, ки ҳоло бо ҳам намоз мехонем. ​Ӯ маро дӯст медорад ва ҳатто вақте аз фишори зиёд қасди худкушӣ кардам, пеши роҳамро гирифта гуфт, ки: Агар ту равӣ, ман ҳам аз ин хона мебароям, ин молу мулк бароям лозим нест. ​Аммо ман дар байни дуроҳа мондаам. Аз як тараф таънаву маломати хушдоман ва хоҳаршӯям, аз тарафи дигар тарси он ки агар ба хонаи модарам баргардам, боз гапу калочаи мардум зиёд мешавад. Дилам ба шавҳарам месӯзад, ки дар байни мову модараш мондааст. Ҳатто духтари хоҳаршӯям ҳам ба зиндагии мо дахолат мекунад. ​Хонандагони азиз, ба ман чӣ маслиҳат медиҳед? Чӣ кор кунам, ки ҳам зиндагиамро ҳифз кунаму ҳам тоқати шунидани таънаҳои онҳоро дошта бошам? Оё сабр кунам ё роҳи дигаре ҳаст? ​Бо эҳтиром, Л.
    9 комментариев
    15 классов
    Ба мо менависанд. Дарди дили як хоҳар: Оё роҳи рафтаро бозгашт ҳаст? ​Ассалому алайкум, хонандагони азизу меҳрубон. ​Ман имрӯз бо як бори вазнини дил, ки ҳашт сол боз китфҳоямро хаста кардааст, ба шумо рӯ меорам. Мехоҳам маслиҳат диҳед, зеро дар миёни обу оташ мондаам. ​Ҳашт сол пеш баҳори зиндагии ман ба хазон мубаддал шуд. Шавҳарам ба муҳоҷират рафту он ҷо дил ба каси дигар баст ва зан гирифт. Панҷ соли расо на аз ӯ хату хабаре буд ва на нишоне. Ман мондаму як хонаи холӣ, кӯдакони чашмбароҳ ва боре аз таънаву маломати мардум. Он вақтҳо мо ҷудо шудем, зеро сабри инсон ҳам андозае дорад. ​Аммо имрӯз, пас аз ҳашт соли ҷудоӣ ва бевафоӣ, ӯ боз ба остонаи хонаи ман омадааст. Мегӯяд, ки хато кардам, мегӯяд, ки пушаймонам ва мехоҳад боз аз нав зиндагӣ кунем. ​Дил шишаест, ки чун шикаст, пайванд карданш душвор аст. Аз як тараф, ёди ҷавонӣ ва ояндаи фарзандон маро ба андеша мебарад. Аз тарафи дигар, он хашт соли танҳоӣ, он шабҳои торик ва он хиёнати талх гӯё пеши роҳамро мегиранд. Оё мешавад ба касе, ки як бор дар нимароҳ партофта рафт, дубора бовар кард? Оё занги бузурги ҷудоиро метавон бо як калимаи бахшиш хомӯш кард? ​Хонандагони азиз, ба ман маслиҳат диҳед: ​Оё барои хотири гузаштаҳо ва фарзандон ӯро бахшидан лозим? ​Ё ин бозгашт танҳо як фиреби навбатии қисмат аст? ​Ман дар интизори машварати шумоям, то шояд равшание дар ин кӯчаи торики сарнавиштам пайдо шавад. ​Бо эҳтиром, як хоҳари шумо.
    27 комментариев
    13 классов
    Нодира Мирходжаева #темача ягон кас барои дуюм зан шудан шӯи мардума дасту пояша баста дари мулло намебарад барои никоҳ кадан🥰 хулоса, дуюм занҳоя гап задана бас кунеду айбро дар худ ҷӯед ва ё шавҳаратонро бо табарча якбор массаж када монед😂
    4 комментария
    17 классов
    Дуруд дустони азиз. Сихатманд бошед доимо. Лимити тамомшуда ​Фарҳод панҷ сол вазифадор буд. Дар ин панҷ сол телефони ӯ ҳатто ним соат хомӯш намешуд. Ҳама занг мезаданд: аз ҷӯраҳои синфӣ то хешовандони дури дур. Ҳама акаҷон" ва ҷаноби раис мегуфтанд. Фарҳод фикр мекард, ки ин ҳама зангҳо барои шахсияти ӯст. Вай мағрур шуда буд, ба зангҳо бо ҳу ва чи мегӯӣ ҷавоб медод. ​Рӯзи сешанбе фармони барканории ӯ баромад. Рӯзи чоршанбе Фарҳод соати 8-и субҳ бедор шуд. Одат дошт, ки телефони ӯ аллакай аз зангҳои субҳ ба хайр раисчон пур бошад. Вале телефон хомӯш буд. ​Вай фикр кард, ки шояд антенна"нест. Телефонро кофт ҳама чиз соз. Соат 10 шуд ягон занг нест. Соат 12 шуд ,танҳо як SMS аз ширкати алоқа омад, ки лимити шумо тамом шуд. ​Фарҳод ба ҷӯраи наздиктаринаш, ки дирӯз дар пешаш таъзим мекард, занг зад. — Ало, Шариф? Салом, бародар. — Бале, кӣ ин? овози Шариф бегона ва сард буд. — Ман, Фарҳод. — А-а, Фарҳод? Тинҷӣ? Ман ҳозир каме бандам, Раиси нав даъват кардаанд, бояд тез равам. Баъд занг мезанам. ​Ва дигар занг назад. Фарҳод ба кӯча баромад. У дид, ки ҳамон одамоне, ки дирӯз барои дидани ӯ дар навбат меистоданд, имрӯз аз дур ӯро дида, роҳашонро дигар мекунанд ё ба экрани телефонашон нигоҳ карда, худро банд нишон медиҳанд. ​Вай дар боғи марказӣ, дар як курсии оддӣ нишаст. Касе наздаш наомад. Касе Раисҷон чи хизмат нагуфт. Танҳо ҳамин вакт у фаҳмид, ки дар ин панҷ сол вай на дӯст ҷамъ кардаасту на обрӯ. У танҳо як нуқтаи хизматрасонӣ буд. Ҳамин ки хизматрасонӣ (имзо ва мӯҳр) қатъ шуд, мизоҷон ба нуқтаи дигар рафтанд. Фарҳод имрӯз дар кӯча мегардад, вале касе ӯро намебинад. У на мурдааст ва на зинда. Вай танҳо як мурдаи мансабӣ аст. Дар зиндагии реалӣ нафрат нест, фақат фаромӯшии бераҳмона аст. Одамон туро намекушанд, онҳо танҳо туро нест(delete) мекунанд, чунки дигар барои онҳо фоида надорӣ. ​Ин воқеияти имрӯз аст. Чи гуфтед ? Шахлои Начмиддин 🌹
    2 комментария
    17 классов
    ​📱 «Челенҷ» ё дарси писарча 👦✨ Дуруд дустони бехтаринам Хар бегохи телефони писарчаи хурди Юсуфчонро аз дасташ гирифта як тараф мегузорам. Дируз шаб хеч телефонро гузоштан нахост,ба хуби насихаташ кардам. Гашта гуфт:очачон,як шарт биёед челендж мегузаронем. Мафҳуми «Челенҷ» (аз калимаи англисии Challenge) дар луғат маънои даъват ба сабқат ё санҷиши қувваро дорад. Агар ба забони соддаи худамон гӯем, ин ҳамон шартбандӣ ё майдонхоҳӣ аст, ки одамро барои гузаштан аз як монеа ё иҷрои як кори душвор ҳавасманд мекунад. Бо як нигоҳи ҷиддӣ гуфт: — Очаҷон, биёед мардона гап занем. Агар телефон зарар дошта бошад, барои ҳардуямон зарар дорад. Аз ҳамин ша челенҷ. На ман даст мезанам, на шумо. Гуфтам чи хел?Гуфт,ки шабхо ту хам дигар ба телефон даст намезани,хоб мекуни. Ман ҳам, ки гумон доштам кӯдак аст ва зуд фаромӯш мекунад, даст афшондаму гуфтам: — Майлаш, бачаҷон, гап нест. ​Аммо, эҳ, ин Илҳом. Ин меҳмони нохондаи шабгарди ман! 🌙 Ҳамин ки намози хуфтанро хондаму хонаро оромӣ фаро гирифт, фикрҳои нав мисли борони баҳорӣ дар сарам рехтан гирифтанд. Яке аз дигаре авлотар, яке аз дигаре ширинтар. Гӯшӣ бошад, дар он кунҷи тоқ мисли оҳанрабо маро ба наздаш мехонд. Оҳиста, мисли гурбае, ки қасди шикори муш дорад, қадам монда, телефонро гирифтам. Ҳанӯз тугмаи равшаниро пахш накарда будам, ки шарақ карду дари ҳуҷра кушода шуд. Дари ҳуҷра мисли саҳнаи театр кушода шуд. Дар зери нури хираи долон сояи кӯчаке намудор гашт. Писарчаам бо дастҳои ба миён зада, мисли як қозии ҷиддӣ дар остона меистод. 🧐 ​— Эҳ, очаҷон,гуфт ӯ бо табассуми пирӯзона. Ҳоло ситораҳо ба хоб нарафта, шумо аллакай ҷиноят кардед-ку? Ваъда куҷо шуд? Шартро кӣ бой дод?Акнун мачбуред ,ки ба чойи чарима ба ман ноутбук харед. ​Худоё, дар он лаҳза агар замин мекафиду ман ба зераш мерафтам, беҳтар буд. Шарм доштам. На аз он ки телефон гирифтам, аз он ки писарам дар ин ҷанги иродаҳо аз ман ғолиб баромад. 🤦‍♀️ Дар он лаҳза ман нависанда набудам, шоир набудам. ​— Бачам, ин барои кор буд, хостам худамро сафед кунам. — Не, очаҷон, гуфт Юсуфчон бо қатъият. Кор ҳам бошад, баъди челенҷ. Қонун барои ҳама баробар. Ман мондаму экрани хомӯшшудаи телефон. Дарк кардам, ки эҷодкори ҳақиқӣ аввал бояд дарси садоқатро аз кӯдаки худ омӯзад. Эҳ, писарҷон, ту маро шахмот ва мат кардӣ! 😂👏 Пас ман бояд дигар танхо соати муайян ба телефон назар кунам. ​Дафтарча ва қалам: 📝 Барои он ки шартро нашиканам ва илҳомам низ гум нашавад, назди болини худ дафтарча ва ручка мегузорам. Навиштан дар коғаз дар нимашаб эҳсоси хосе дорад ва чашмҳоро ҳам хаста намекунад. ​Реҷаи тиллоӣ: ⏰ Кӯшиш мекунам, ки соати эҷодро каме пештар, пеш аз хоб рафтани писаратон гузорам. ​Иқрор шудан: 🤗 Ба писаратон мефахмонам, ки эҷод кардан ин бозӣ дар телефон нест, балки кори зеҳнист. Шояд ӯ иҷозат диҳад, ки танҳо 15 дақиқа барои қайдҳои муҳим телефонро истифода барам? Санҷиши ирода: Челенҷ нишон медиҳад, ки кӣ соҳиби сухани худ аст. ​Челенҷ барои ман як имконияти хуб аст, ки баъди намози хуфтан ба ҷои экрани телефон, ба умқи хаёлҳои худ ғӯта занед. Шояд дар ҳамин оромии бетелефонӣ киссахову романхои нозиртару амиқтар ба дунё оянд? Челенҷи 7 рӯзи меҳру эҷодро пешниҳод мекунам, шояд шумо азизон хам истифода баред: ​📝 Нақшаи «Челенҷи Тиллоӣ» Рӯз Шарт барои ҳарду Рӯзи 1-2 Хомӯшии мутлақ: Баъди соати 21:00 телефонҳоро дар қуттии хоб мегузорем Майнаи сар аз шуои телефон истироҳат мекунад. Илҳом тозатар мешавад. Рӯзи 3-4 Ивази телефон ба коғаз; Ба ҷои экран, дафтарчаи зебо истифода мебарам. Рӯзи 5-6 Дақиқаи эҷод: Писарам ба ман 10 дақиқа иҷозати расмӣ медиҳад, ки фикрҳоямро қайд кунам. Ӯ ҳис мекунад, ки калиди кори ман дар дасти ӯст (ин ба боварии ӯ меафзояд). Рӯзи 7 Ҷамъбасти зафар: Рӯзи ҷоиза. Хамрох ба яхмосхури меравем. ​.​Ин челенҷ ба мо кӯмак мекунад, ки диққати бошууронаро машқ кунем Вақте телефон нест, садои дили инсон ва садои илҳом баландтар шунида мешавад. Шояд маҳз дар ҳамин ҳафта шоҳасари худро нависам. Чи гуфтед азизон ?😉✍️ Шахлои Начмиддин 🌹 ​
    1 комментарий
    14 классов
    Мохира Рахимзода СУХАНЧИНИ БАДБАХТ ҲЕЗУМЧИН АСТ Шоми дирӯз, бегоҳи ҷумъа, борон ором меборид. Ман, чун ҳамеша, зери борон қадам мезадам, бо диле, ки мехост сабук шавад. Қатраҳои борон ба рӯям мерехтанду гӯё дарди ниҳониро мешустанд... Дар ҳамин лаҳза телефони ҳамроҳам садо дод. Номе, ки дар экран падидор шуд, барои ман азиз буд — Дилбар Ҷаҳонгирова. Солҳои зиёд аст, ки ӯро мешиносам. Ин зан барои ман танҳо як шинос нест. Инсони покдил, самимӣ ва меҳрубон аст. Ҳеҷ гоҳ миёни мо сухани нохуш нагузаштааст. Ҳеҷ гоҳ аз ӯ бадӣ надидаам. Аммо дирӯз аз забони ӯ шунидам, ки гӯё ман дар ҳаққаш бадгӯӣ кардаам... Як нафар, касе, ки худро “наздик” вонамуд кардааст, чунин суханҳоро расондааст. Ман оромона пурсидам: — Оё бовар кардед? Ӯ гуфт: — Не. Зеро ман туро мешиносам. Ин ҷавоб дили маро ором кард. Аммо саволе дар дилам боқӣ монд. Саволе, ки ба ту, эй суханчин, равона шудааст: Чаро? Чаро мехоҳӣ миёни одамон тухми кина бикорӣ? Чаро аз ростӣ гурехта, ба дурӯғ паноҳ мебарӣ? Чаро диле, ки туро наранҷондааст, ҳадафи суханҳои ту мешавад? Оё боре андеша кардӣ, ки ҳар сухани беасос мисли тири ноаён ба қалби инсон мерасад? Саъдии Шерозӣ беҳуда нагуфтааст: Миёни ду тан ҷанг чун оташ аст, Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст. Ту ҳамон ҳезумчине ҳастӣ, ки мехоҳӣ оташе афрӯзӣ, ки шояд худат ҳам онро хомӯш карда натавонӣ. Аммо як чизро бидон: Дурӯғ умри дароз надорад. Ҳақиқат дер ё зуд рӯи об мебарояд. Ва он рӯз — рӯзи рӯбарӯшавӣ бо виҷдони худат хоҳад буд. Ман ба ту душман нестам. Ман ҳатто намедонам ту кистӣ. Аммо амали ту аллакай туро муаррифӣ кардааст. Инсонро на бо чеҳра, балки бо гуфтору рафтораш мешиносанд. Агар дар дилат заррае инсоф бошад, бас кун! Агар виҷдоне дорӣ, андеша намо! Агар инсонӣ, дигар дили касеро нашикан! Зеро дили шикаста, ҳатто агар хомӯш бошад ҳам, дуояш хомӯш нест... Шоми дирӯз, зери борон, ашкҳоям бо қатраҳои борон омехтанд. Аммо имрӯз ман оромам. Чун медонам: Ман бадӣ накардаам. Ва касе, ки бадӣ мекунад, пеш аз ҳама худро месӯзонад...
    4 комментария
    20 классов
    ПЕШ АЗ #ХОБ ​Дар як деҳа бобои Сафар зиндагӣ мекард. Наваду ду сола. Пиру фартут, чашмҳояш хираву гӯшҳояш вазнин. Аз шаш писараш панҷтоаш дар Русия буданд ва танҳо набераи хурдиаш Шоҳрух дар хона бо бобо мемонд. ​Шоҳрух на косиб буд ва на деҳқон. У блогер буд. Як рӯз Шоҳрух дид, ки вақте акси бобояшро дар Тик-ток мемонад, мардум бисёр лайк мемонанду менависанд: Офарин, боборо нигоҳубин кун, дуояшро гир. Дар каллаи Шоҳрух як фикри зуд пулдоршавӣ пайдо шуд. ​Вай боборо дар лаби суфа мешинонд ва телефонашро дар назди рӯи бобо мемонд: — Бобо, ҳамин хел ғамгин нигоҳ кунед. Каме гиря кунед.Гӯед, ки Бачаҳоям маро партофтанд, фақат ҳамин набераам ба ман нон медиҳад. ​Бобои Сафар, ки аслан намефаҳмид ин тирезаи телефон чист, бо садои ларзон мепурсад: — Бачам, Шоҳрух, ин чист? Ба кӣ гап мезанам? Як пиёла чой медодӣ, гулӯям хушк шуд. — Истед, бобо. Чойро баъд мехӯред. Ҳозир 3 ҳазор кас Liveро тамошо дорад.Каме оҳи сард кашед, то мардум дилашон сӯзад ва пул равон кунанд. ​Шоҳрух дар эфир дод мезад: Мардум, бинед. Бобои ман гурусна аст, писаронаш пул намефиристанд, ман танҳо нигоҳубинаш дорам. Барои доруи бобо подарка фиристед. ​Мардуми соддаи мо аз Русияву Аврупо пул мефиристоданд. Дар як соат Шоҳрух 200-300 доллар кор мекард. Вале ҳамин ки эфир тамом мешуд, у телефонро ба кисааш мемонду боборо дар ҳамон лаби суфа дар хунукӣ танҳо мегузошт: — Бобо, ман шаҳр меравам, бо ҷӯраҳоям отдих дорам. Чоятонро келини ҳамсоя меорад. ​Як шаб Шоҳрух боз Liveро кушод. Мехост боборо маҷбур кунад, ки ягон чизи аҳмақона гӯяд, то мардум ханданд. — Бобо, ягон латифаи қабеҳ гӯед.Ё рақс кунед, мардум лев мепартоянд. Бобои Сафар бо чашмони пур аз ашк ба наберааш нигоҳ кард. Вай дигар тоқати ин театрро надошт. — Бачам, гуфт бобо бо овози гирифта, ту маро барои ҳамин тирезаат дар байни мардум шарманда кардӣ. Ман солхои зиед мехнат кардам, ки падару амакони туро одам кунам, на ин ки маро мисли маймуни бозор ба тамошо гузорӣ. Маро эҳтиром накун, майлаш, вале ҳадди ақал хомӯшона мурданамро иҷозат деҳ. ​Шоҳрух бошад, ба ҷои он ки шарм дорад, камераро ба рӯи бобо наздиктар овард ва дод зад: — Мардум, бинед.Бобоям галлюцинация дорад.Асабҳояш вайрон шудаанд.Тезтар пул фиристед, ки ба беморхона барам. ​Пагоҳии дигар бобои Сафар гузашт. Шоҳрух чӣ кор кард? Медонӣ? У дар сари ҷанозаи бобо телефонашро бароварда, селфи гирифт ва бо музикаи ғамгин дар интернет монд: Сутуни хонадонамон рафт.Лайк монед, ба ҳаққи бобоям дуо кунед. Пештар калонсолонро барои савоб эҳтиром мекарданд, ҳозир бошад барои контент. Мо пирони худро на ба хок, балки ба архиви телефонҳоямон дафн карда истодаем. ​Барои мо дуои бобо даркор нест, ба мо просмотри видеои бобо даркор аст. ​Мо аз ҳақорат кардани калонсолон дар эфир пул меёбем ва инро озодӣ мегӯем. Афсус... Шахлои Начмиддин 🌹 🌹 🌹 🌹
    2 комментария
    13 классов
Фильтр
Закреплено
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
Показать ещё