Касе, ки ҳар шабу рӯз дар барам буд,
Ҳароратсанҷ дасташ бар сарам буд.
Ҳамеша раҳнамову раҳбарам буд,
Худоё, модарам буд -модарам буд.
Касе,ки дӯсти ҷони ҷони ман буд,
Касе,ки доимо пазмони ман буд.
Касе,ки зору саргардони ман буд,
Худоё,модарам буд -модарам буд.
Касе,ки ёр буду ёварам буд,
Адолатхоҳ буду доварам буд.
Ба оне, ки ҳамеша боварам буд,
Худоё,модарам буд -модарам буд.
Касе, ки ҳамдилу ҳамрози ман буд,
Касе ҳамсӯзу ҳамовози ман буд.
Касе,ки аввалин устози ман буд,
Худоё,модарам буд -модарам буд.
Касе,ки зеби боғу хонадон буд,
Касе, ки мунису ороми ҷон буд.
Касе, ки бар сари мо соябон буд,
Худоё,модарам буд -модарам буд.
Касе,ки ҳастиям бар ӯ азиз буд,
На