Предыдущая публикация
Следующая публикация
Свернуть поиск
Сервисы VK
MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
Войти
  • Главная
  • Видео
  • Группы
  • Люди
  • Публикации
  • Игры
  • Подарки
  • Поздравления
  • Рекомендации
  • Помощь
  • русский
Левая колонка
Фотография "Ба суйи зиндаги ханди,ба суят зиндаги хандад!
Худойи пок бинмояд фарахмандад-фарахмандад!

JM"

Jamshedi Mahkampur

Последний визит: 24 янв
Фотография от Jamshedi Mahkampur
Фотография от Jamshedi Mahkampur
Фотография от Jamshedi Mahkampur
Фотография от Jamshedi Mahkampur
Фотография от Jamshedi Mahkampur
Фильтр
ЗаметкиУвлечения
Jamshedi Mahkampur
24 янв
То ба кай,аспи ғурури хешро зин
мекунӣ?
То куҷо,болида ношармида қамчин
мекунӣ?

Зиннае боло бигаштиву накарди
бандагӣ,
Таъна бар бечораву нодору мискин
мекунӣ.

Давлату моли ҷаҳон,суде намеорад
ба гӯр,
Дору нодорад агарчи зери болин
мекунӣ.

Аз ҷаҳон рӯзе кунӣ чун рафтагон азми сафар,
Гарчи чашми худ ҷаҳонгарду ҷаҳонбин мекунӣ.

Зӯру бозӯят наметонад,биҷангад бо
аҷал,
Ҳар шабу рӯз гарчи нохобида тамрин мекунӣ.

Дастгири ту бигардад рӯзи пурсиши
Худо,
Лаҳзае зикри Худо,бинмуда омин
мекунӣ.

То ба кай,чун бод мегардиву мемонӣ
ҷавон?
Пир гардӣ рафту ойӣ хеш тавҳин
мекунӣ.

Мерасад,фардои нек мегӯйиву
Маҳкампурӣ,
Қалби худро бо дурӯғи хеш таскин
мекунӣ.
✍️ Ҷамшеди Маҳкампур.
Jamshedi Mahkampur
18 янв
Зиндагӣ то кай ба монанди муаммо мешавад?
Бетараф аз ҳоли зору хастаӣ мо
мешавад.

Бар дили пурғуссаӣ мо ғуссаву ғамҳоӣ
нав,
То куҷову то ба кай, боло ба боло
мешавад?

Нобасомонии худро мо таҳаммул
мекунем,
Мефиребем хешро гӯё, ки зебо
мешавад.

Дар ҳамин дунёи дурӯза азизони
дилам,
Баҳри чӣ ҳар рӯз бадбиниву даъво мешавад?

Кӯрдил ҳастему коҳро кӯҳ мегӯем
мо,
Қатраҳоро аз куҷо дидӣ,ки дарё
мешавад?

Шоиро аз шодмони нест иншои
ғазал!
Дарду ғам зӯри намояд шеър иншо мешавад.

Кай бигардад вориди дил шодиҳои бешумор,
Қулфи ғамҳои куҳан аз қалби мо во мешавад...

Рӯйи дунё ҷангу хунрезиву қатлу
нокасӣ,
Ҷони нотакрори ҳар як банда савдо мешавад.

Баъди марги дӯстони худ ҷиг
Jamshedi Mahkampur
13 янв
Ҷаҳон имрӯз ноорому нафси бад ҷаҳонгир аст,
Ки савдои ҷаҳон нафту туфангу тонку ҳам тир аст.

Ба ҳарҷо ҷангу хунрезӣ замин олудаи хун аст,
Само нороҳату бечораву ошуфтахотир аст.

Рабудан раҳбари як давлатеро хуб осон аст,
Ба дасту пои он марди сахӣ баҳри чи занҷир аст?

Ҳуқуқи мардуми олам надорад эътибори худ,
Касе коре тавонад мекунад вақте,ки қодир аст.

Замоне нест инсоф аз барои ҳамзабони худ,
Чи сон осудахобиҳои ёрони мусофир
аст?

Ғурури Амрикоро ай Худоё,сарнагун гардон,
Ки фармондеҳи ӯ як нобакори нокаси пир аст.

Ба Эрон деҳ оромӣ раҳо бинмой
аз хомӣ,
Дили бечораам нороҳату зору хавотир аст.

Худоё,халқи Русро оштӣ бинмо ба
Укроин,
Ки ҳар як модаре пазмони фарзанд а
Jamshedi Mahkampur
5 янв
Ниёзманди Ту манам,Худои меҳрубони ман,
Нишоти рӯзи равшанам, Худои меҳрубони ман.

Зи шарри иблиси лаъин,паноҳ мебарам ба Ту,
Намози дори доманам,Худои меҳрубони ман.

Ба пеши нокасу касе ба пеши зоғу каргасе,
Макун фитода гарданам, Худои меҳрубони ман.

Дилам ҳамеша поки Ту, манам зи мушти хоки Ту,
На сангу чӯбу оҳанам, Худои меҳрубони ман.

Зи бемадори хастаам, фитодаву шикастаам,
Шифо бидеҳ,Ту бар танам, Худои меҳрубони ман.

Вуҷуди беқарорро сари пур аз
фишорро,
Ба даргаҳи Ту мезанам, Худои меҳрубони ман.

Ҳама агар зи ман канад дилу ҷудо шавад, вале,
Ман аз Ту дил намеканам, Худои меҳрубони ман.

Мадад намо ба лутфу меҳрубониҳои беназир,
Ба орзу расиданам, Худои меҳрубон
Jamshedi Mahkampur
19 дек
🥲🥲🥲🥲🥲🥲🥲🥲

Ду рӯзе гиря дорам, бесукут баъди сари Қобил,
Чу дидам лаҳзаи ҷон додану чашми тари Қобил.

Вуҷудам сӯхту аз андӯҳи ӯ гардида хокистар,
Дилам садпора шуд аз гиряҳоӣ модари Қобил.

Дабистон холи шуд аз шери пуртуғёни шерафкан,
Ба хун ҷӯлида менолад китобу дафтари Қобил.

Аз ин доғе,ки дар дил дорам охир мурданам беҳтар,
Ки будам зиндаву, аммо набудам дар бари Қобил.

Ғарибӣ душмани ҷони ҳама пиру ҷавон гашта,
Паи ҳам теғ мезад нокасе бар пайкари Қобил.

Бидорам илтиҷо, модар набинад доғи фарзандаш,
Худовандо,нигаҳбони намоӣ додари
Қобил.

Тамоми ҷону тан гирён, ҳама халқи Ватан гирён,
Бисӯхта синаҳои мардумон аз озари
Қобил.

Надорам,қудрати парвози боло, ҳеҷ Маҳ
Jamshedi Mahkampur
17 дек
То чанд,бигӯ шикори одам
бошад?
То кай,сари тоҷики ман,хам
бошад?

Куштанд Ҳувайдову Умарро
афсӯс,
Кӯдаккуши аз нигоҳашон кам
бошад.

Имрӯз, ки боз куштаанд
Қобилро,
Бераҳмии ҷоҳилон паи ҳам
бошад.

Эй Қобили ҷон,ту аз мани
ноқобил,
Бешиква бирав, ки қудратам кам
бошад.

Дар сӯги ту абри осмон гирён
аст,
Дар хоки Ватан,чу рӯзи мотам
бошад.

Ҳар банда,ки дар азои ту нола
кунад,
Бар миллати хеш ёру ҳамдам
бошад.

Хомӯши нишонаи имондори
нест,
Хомӯш касест бар ҷаҳаннам
бошад.

Оне, ки туро бикушту инсоф
накард,
Монанди ту кушта гардадам,кам
бошад.

То кушта шудан касофати
беимон,
Девонаи зору бо сари хам
бошад.

Осуда намешавад дигар
модари ту,
Пайваста дилаш хаставу пу
На этом пока всё
Войдите в ОК, чтобы посмотреть всю ленту

4277

  • Эхсонхуча Бобоев
    Эхсонхуча Бобоев
    Душанбе
  • Мурад саидович
    Мурад саидович
    Оренбург
  • Манучехр Топилов
    Манучехр Топилов
    Тюмень
  • ‌‌17 17 ☝️
    ‌‌17 17 ☝️
    Тюмень
  • Комрон Сафаров
    Комрон Сафаров
    Душанбе

  • Бесплатная открытка розы, букет, бокалы, за нашу дружбу, пожелание, рядом доброта, мир и красота
  • Бесплатная открытка девочка, вкусной, щедрой масленицы, масленица, блины

132

  • 🌎🌐КОШОНАИ  ШАХЛО🔰🔰🌹
    🌎🌐КОШОНАИ ШАХЛО🔰🔰🌹
    25192 подписчика
  • ШЕЪРҲО  Аპ  ЭҶОДИЁፒИ  КИያОМИДДИዚ
    ШЕЪРҲО Аპ ЭҶОДИЁፒИ КИያОМИДДИዚ
    1357 подписчиков
  • Дом-стиль РФ
    Дом-стиль РФ
    5742 подписчика
  • MUSIC TAJIKISTAN ✔
    MUSIC TAJIKISTAN ✔
    21558 подписчиков
  • Хирадманд бош!
    Хирадманд бош!
    5229 подписчиков

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.

Зарегистрироваться