Рохи дехам,
Рохи пурпечу фароз.
Рохи дунёст, рохи руъёст,
Рох ба суи улвиёну рох ба даргохи Худост.
Рохи дехам,
Рохи калбу дидахост,
Рох ба суи хандахову гиряхои ошност…
Бо рахи пурпечу тобаш,
То киёмат рафтаанд,
Ахди худ дар нимарохаш хеч гох нашкастаанд,
Чун гули наврустае дар пеши дар,
Боз растанду зи нав дилбастаанд.
Дар кафан бурданд хокаш,
Он хама дилдодагону рафтагони пушти дар.
Ханда карданд, гиря карданд
Бо дили гамноку бо чашмони тар,
Хамчу мардоне, ки буданд бебасар.
Рохи дехам,
Рохи исёни дилу мардонагист
Рохи кисмат, рохи мавче ру ба суи сохил аст
Рохи калбу дидахост,
Рох ба суйи хонахову рох суйи манзил аст,
То абад калбам ба ин рох моил аст,