Бигзор,ки дар хасрати дидор бимирам, Дар хасрати дидори ту бигзор бимирам. Душвор бувад мурдану руи ту надидан, Бигзор ба дилхохи ту душвор бимирам. Бигзор,ки чун нолаи мургони шабоханг Дар вахшату андухи шаби тор бимирам. Бигзор, ки чун шамъ кунам пайкари худ об, Дар бистари ашк афтаму ночор бимирам. Бигзор чу хуршеди гудозандаи мисфом Дар домани шаб бо тани табдор бимирам. Бигзор шавам сояи айвони баландат, Суят хазаму гушаи девор бимирам. Мемирам аз ин дард, ки чони дигарам нест, То аз гами ишки ту дигар бор бимирам. То будааст, эй дуст, вафодори ту будам, Бигзор бад-он гуна вафодор бимирам.