Эй марди гариб харгиз ту бемор
машав,
Аз такдири талхи худ дилозор
машав.
Гар чархи фалак ба души ту гам
орад,
Маъюсу чигарсухтаву абгор
машав.
Аз мулку ватан шиква ба хар
кас ту макун,
Бе номусу бехиммату бе ор
машав,
Ин чархи фалак абад намемонад
чун.
Гофил зи хамон кудрати Чаббор
машав.
Аз хона баромади дар ин рох ба
ният,
Бар нафси шаётин ту гирифтор
машав.
Гар чон ба лабат расид аз ин
тангдасти,
Бар лукма фурухта дину
куффор машав.