Худоё, ба дилам нафареро маскан бикун, аммо он нафар дӯстдоштаи Ту ҳам бошад. Ба ман чунон нафареро дӯст бигардон, ки қалби он фардро бо дӯстдории Худат маъбуд бигардон. Маро бо нафаре рӯ ба рӯ бикун, ки қабл аз ман, бо ӯ танҳо Ту (ҷалла ҷалолаҳу) вохӯрда боши. Дар вақти бо ӯ дасти ба даст кардан дар болои дасти ҳардуямон дасти Ту (ҷалла ҷалолаҳу) бодо. Ба ман чашмоне нишон бидеҳ, ки дар чашмони ӯ, Туро (ҷалла ҷалолаҳу) бубинам. Ба ман чунон дӯстдоштае бидеҳ он чашмҳо ду панҷараи кушодае дар Ҷаннат бошад. Бо ӯ дар роҳе қадам бигузорем, ки Роҳнамоямон Ту (ҷалла ҷалолаҳу) боши, эй Худованди Карим ба ман чунон дӯстдоштае насиб бикун, ки вақте ӯро ба оғӯш мегирам, коинот ба мо назар кунад. Ва ба