*ГУЛЧИНЕ АЗ АХЛОҚУ ОДОБИ ҲАМИДАИ МАРДУМИ ОСИЁИ МИЁНА (АЛАЛХУСУС, ТОҶИКОН) ТО СОЛҲОИ 60-ӯми АСРИ ГУЗАШТА*
✍️✍️✍️
— Падар дар хона нишаста бошад, ба болои боми ҳамон хона намебаромаданд.
— Дар назди падару модар ва шахсони калонсол фарзанд ёнбош намекард.
— Бачаҳо барои бозӣ кардан ба хонаи ҳамсоя бароянд, аз дастурхони ҳамсоя насиба дода мешуд.
— Нон пазанд, бӯи нон ба димоғи ҳамсоя расид гуфта, ба ҳамсоя дуто нон дароз мекарданд.
— Қибларо панаҳ мекунад, пеши роҳи шамолро мегирад гуфта, девори тарафи ҳамсояро баланд намекарданд.
— Иморат пӯшанд оби тарноби хона ба тарафи ҳамсоя нарезад гуфта, чораҳои иловагӣ меандешиданд.
— Деҳқонҳо ҳосил ҷамъ оваранд, барои насиба кардани мусофиро