Аллоҳ таъоло дунёро ба унвони хонае барои озмудани инсонҳо офарида ва ҳама шароити озмоишро дар он қарор дод: Сарватманд ва фақир, нобиға ва кам истеъдод наҷибзода ва (аз диди мардум) кам арзиш ва қавию заъиф... ҳар касе бар асоси қудратҳое, ки Аллоҳ ба ӯ додааст ва неъматҳое, ки аз ӯ боздошта дар вазъияти озмоиш қарор дорад.
Ҳар яке аз мо бояд беҳтарин талоши худро дар чорчуби вазъият кулли ва имконот ва абзорҳое, ки дар ихтиёр дорем анҷом диҳем. Чунонки лозим аст аз ҳар чизе, ки моро аз ҳадафи худ боз медорад руй гардони кунем. Дар ин дунё ҳеҷ минтақае комилан амни нест, ки дар он лангар бияндозем ва ба он миқдор аз тақво ва сиботи ахлоқи ва даруние, ки дорем дил хуш кунем. Ҳамаи мо пой