Намехоҳам, ки фарзандони
мо бетарбият бошанд,
Ҷавонҳо зиштахлоқу
калонҳо бадният бошанд.
Намехоҳам, ки одамҳо
дар ин дунёи серӯза
Пайи айшу маишат,
пушти садҳо кайфият бошанд.
Намехоҳам, ки бошанд
аҳли олам ҳамдигарбадбин,
Разилу дилхарошу нокасу
пурмаъсият бошанд.
Намехоҳам, ки бадгӯӣ
кунанд аз пушти ҳам як умр,
Ба хуни ҳамдигар ташна,
зи пушти манфиат бошанд.
Намехоҳам, ки чаҳ кобанд
рӯйи роҳи ҳам аз кин,
Баду бадхоҳу бадҳангомаву
бехосият бошанд.
Намехоҳам ҷаҳон сӯзанд