2020....
Бирав, эй соли дарду ғам, Худо раҳмат кунад, омин!
Бубар ин ҳасрату мотам, Худо раҳмат кунад. Омин!
Ба офат омадиву насли одамро қирон омад,
Намон, эй ҳасрати одам, Худо раҳмат кунад. Омин!
Ту дар тақвими таърихи башар ранги сияҳ дорӣ,
Сияҳтолеъ, сияҳмақдам, Худо раҳмат кунад.Омин!
Ниқоби худ бибанду мисли як хоби баде бигзар,
Намонда фурсатат як дам, Худо раҳмат кунад.Омин!
Тамоми мардуми дунё барои рафтанат шод аст,
Нидои мардуми олам: Худо раҳмат кунад.омин!
Ҳамин марсия бар номат Илоҳо охирин бошад,
Дуъои Озарахшат ҳам, ,,Худо раҳмат кунад.Омин!..
ОЗАРАХШ