Дар миёни кўҳсорон сахтҷонам зодаанд,
Дар раҳи куҳсор баҳри имтиҳонам зодаанд,
Волидайни бенишонам чун нишонам зодаанд,
Дар диёри камзамине бекаронам зодаанд.
Гарчи мегуфтанд аз қисмат бувад фардои ман,
Гарчи мегуфтанд серўзӣ бувад дунёи ман,
Гарчи дар гаҳвора мебастанд дасту пои ман,
Дар замин баҳри талоши осмонам зодаанд.
Дар миёни чор девори баланди кўҳҳо,
Ки гаронӣ мекунад бар кўҳҳо андўҳҳо,
Дар радифи қуллаҳои посбони рўҳҳо
Бо дили бедору бо рўҳи ҷавонам зодаанд.
Бо дуои мўсафедони худотарсу баор,
Бесавод, аммо саводомўзи сад омўзгор,
Бо шарофатҳои кампирони бефар ҷоннисор
Баҳри ҳоло, баҳри фардои замонам зодаанд.
Ман аз ин сон бесаводон сўхтан омўхтам,
Аз сафои сур