Гуфтани Бисмиллоҳ дилро пурнур кунад, тоъатро мабрур кунад ва гуноҳро мағфур кунад. Ҳаркиро номи Худо дар дил ва бар забон нақш бувад, агарчи дар оташу об бошад, айши у бо номи Худо хуш бошад. Азиз, бандае, ки дар дили у шавқи Худо бошад, Бузургвор, бандае, ки дар забони вай зикри Худо бошад. Ҳаркиро дар ин сарой,унси каломи Уст, фардо уро дар Биҳишт, лаззат ва саломи Уст.
Бо номи Аллоҳи бахшандаи меҳрубон ва бо дуруду салом ба Паёмбари маҳбуби уммати ислом
Бародарон ва хоҳарони азиз! Инак мову шумо дар аввали моҳи Зул ҳиҷҷа қарор дорем. Моҳе, ки Худо дар китоби Худ бо даҳ рузи аввали он қасам ёд карда аст. Аллоҳ бар чизе қасам ёд намекунад, магар ҳамон чиз қадр дошта бошад.
Моҳе, ки дар