Предыдущая публикация
🌎🌐КОШОНАИ  ШАХЛО🔰🔰🌹

🌎🌐КОШОНАИ ШАХЛО🔰🔰🌹

14 дек

Озода Набиева

МАКТУБ БА МУҲОҶИР
Салом, азизи дилам. Шумо аз мо дур ба шаҳри пури пул рафтеду мову фарзандаконатон бо чашми чор занги телефонро интизор ҳастем. Мана, Эҳсони кал чанд маротиба ба занаш занг заду Шумо ду сол боз дарак намедиҳед. Хайр, майлаш ин ҳам ҳеҷ гап не. Мӯъмини дароз ба занаш аз Русия халқаи тилло овардааст. Ба ман чию фақат як гуфта монам гуфтам. Шумо Русия рафтеду маро ту пул гуфтию маро фиристодӣ гуфтед, муҳоҷир шудам, гуфтед. Хафа нашудам. Медонам, Шумо ҳоло азоб кашида, кор карда истодаед. Ман ба гапи Ваня бовар кунам ё накунам гӯён ин мактубро навишта истодаам.
Писарамон Осимҷон боре ба Шумо мактуб навишта, бо Комили корчаллон бароятон фиристодааст, мегӯяд, ки ҳолу аҳволашонро пурсидам. Мана ду руз пеш Комили корчаллон гашта омаду мактуби ҷавобӣ овардааст. Мактуб бо хати бачагона навишта шудааст. Писарам онро ба муаллимаи русиаш тарҷума кунонида овардааст:
«Салом, бародарам Осимҷон, ман Ваня додаракат аз Русия. Падарам, яъне падари ҳардуямон мегӯянд, ки Шумо дар он ҷо дар кӯҳҳо зиндагӣ мекардаед. Мушкил будагист-а? Ба модарам мегӯянд, ки модари ту доим таппак (нафаҳмидам чӣ маъно дорад) мекардаанд, инро мегӯяду атрҳои хушбӯи модари маро нишон дода, ана ин гапи дигар мегӯянд. Боз медонӣ-чӣ, падарамон ба ман ҳамеша мошинчаҳои зебо меорад, аз у пурсидам, ки ба Осим ҳам харида медиҳед? Вай гуфт, ки ту аз лой ҳам мошинча сохта бозӣ карда метавонистаӣ. Падарам ба модари ман доим сабзавотҳоро тоза карда медихад, хонаро худаш мерӯбад, ношуштаҳоро мешӯяд, маро нигоҳубин мекунад. Дар бораи модарам мегӯяд, ки ту дарҳакикат зан ҳастӣ худатро барои ман эҳтиёт мекунӣ. Модари Осим бошад, пойафзоли даридаашро кашола карда даву ғеҷкунон кор мекунад. Модари ман ба қарибӣ зодруз дошт, 60-сола шуд. Падарамон гуфт, ки ман ба 30 даромада бошам хам ту барои ман маликаӣ. Модари туро низ 30 сола гуфту аммо вай малика не, кампирак будааст. Модари ман ҳам падарамонро нагзиҳо карда меистад. Мана, ҳардуяшон рафта, аз қайд гузаштанд. Падарамон хурсанд. Падарамон акнун одами Русия шуданд. Осимҷон медонӣ дируз падарамон каме арақ хурда расо гиря карданд, тоҷикон ҳам гиря мекардаанд. Модари туро, ки кампирак мегуфт, фариштам гуён гиря кард. Маро надиду модари маро аҷузакампир, агар хуҷҷат даркор намешуд, туро пушти сарам бинад буд, гуфта ҳиқ-ҳиқ карда, расо гирист. Осимҷон, падарат нагз, хавотир нашав. Ман ҳам падаратро падарам барин медонам. Падари худам ҳам Васяи алкаш дирӯз ба модарам занг зад, акнун модарам падаратро аз хона пеш карда, Вася-падарамро оварданӣ….»
Ин мактубро хонда, аз зан гирифтанатон дида бештар аз он дар ташвишам, ки Васяи алкаш ояд Шумо куҷо меравед?...

Комментарии 3

🌙🌙 🌙🌙
🌙🌙 🌙🌙
🤦‍♀️🤦‍♀️
14 дек
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Урунбек Субхонов
    Урунбек Субхонов
    14 дек
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Урунбек Субхонов
    Урунбек Субхонов
    Офарин, ин патент барои мухочирон дпрди бедаво , барои хамин ба хама мушкилихо дучор мешаем, хайр худованд ба хама инсоф дихад!
    14 дек
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Новые комментарии
    Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
    Следующая публикация
    Свернуть поиск
    Сервисы VK
    MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
    Войти
    🌎🌐КОШОНАИ  ШАХЛО🔰🔰🌹

    🌎🌐КОШОНАИ ШАХЛО🔰🔰🌹

    ЛентаТемы 41 697Фото 21 384Видео 1 350Участники 25 107
    • Подарки
    Левая колонка
    Всё 41 697
    Обсуждаемые

    Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

    Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.

    Зарегистрироваться