РАВОНАТ ШОД БОД, ФАРИШТАИ ОСМОН- ҚОБИЛҶОНИ НОКОМ...

Дишаб фарёд зад, дар синаам дил,
Ки Қобил кушта шуд, аз дасти қотил....
Ба он даҳшат намекард, чашм бовар,
Гули хоре фитод, андар кафи дил.
Замин бо ашки борон нола дорад,
Фироқаш сӯзи доғи лола дорад.
Ва ҳарҷо набзи ҷони зиндае ҳаст,
Азои Қобили даҳсола дорад.
Бигиряд, сояи девори манзил,
Ки Қобил кушта шуд, бо теғи қотил.
Азо дорад, кулли Тоҷикистон,
Канори модари нашкаста армон.
Ба ғурбат ҳамватан рӯҳаш парешон,
Зи ранҷи номусу аз дарди виҷдон.
Аз ин дарде надидам дарди мушкил,
Ғами ту оташест ба кунҷи ҳар дил,
Сано 18.12.2025
Комментарии 22
РӮҲАТ ШОД БОД
Ва лаънати худованд ба ин к,отилони шайтон бод!!! Иншоаллох, худованд ч,азои онх,оро хох,ад дод...