Предыдущая публикация
Мурғи бе болу парам ин ҳама сангам назанед.💫
Ба Худо шиква кунам ҳар ки диламро шиканад,
Бе ҷиҳат захми забон, тӯҳмату ангам назанед.💫
Хилвате дораму ишқе ба сарам ҳаст ҳанӯз,
Занги ғам бар дилам анбошта рангам назанед. 💫
Гӯшае ёфтаам бехабарам аз ду ҷаҳон,
Баҳри ошуфтани ин ҳодиса ҷангам накунед.💫
Марҳами тоза гузоред ба ин захми ғариб,
Санг бар пои заминхӯрдаи лангам назанед.💫
---


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1