Фильтр
☆☆☆☆☆
Хоки зебои Ватанро дидаҳо ҷо мекунам,
Нони гарми модариро ҳар замон ёд мекунам.
Қиблагоҳам буд, падар, чун ифтихорам модарам,
Хоки пояшон ҳамеша нури чашмон мекунам.
ҒАРИБӢ....
☆☆☆☆☆
Ҳазину хору зорам, дар ғарибӣ,
Ҳақиру бемадорам, дар ғарибӣ.
Расон, ё Раб, маро бар манзили хеш,
Наояд, пеш корам, дар ғарибӣ.
Дар ин як гӯша дур аз ҷамъи хешон,
Ба ашки шашқаторам, дар ғарибӣ.
Ватанро ёд кардам, ёд кардам,
Ба мушкилҳо дучорам, дар ғарибӣ.
Тамоми рӯзи ман дар гиря бошад,
Мапурс, аз шоми торам, дар ғарибӣ.
Намепурсад, касе аз ҳоли зорам,
Ки дур аз кӯи ёрам, дар ғарибӣ.
Парешону фигору синарешам,
Харобу дилфигорам, дар ғарибӣ.

ДАВЛАТИ САРАМ - ОЧАҶОН ❤️

01:01
❤️✨️❤️
580 просмотров
  • Класс
__🌿🌿🇹🇯🌿🌿🇷🇺🌿🌿🇹🇯🌿🌿__
МАН ҒАРИБАМ, ЭЙ ХУДОЁ, ҶАБР БАР ҶОНАМ МАКУН,
АЗ ФИРОҚИ НАЗДИКОНАМ, ДИДА ГИРЁНАМ МАКУН!
ДАСТУ ПОЙИ СОЛИМАМ ДЕҲ, ТО КИ ЁБАМ РИЗҚИ ХУД,
ПЕШИ МАРДУМ МУНТАЗИРИ БУРДАИ НОНАМ МАКУН!
ОБӮ РӮЮ ЭЪТИБОРАМ ДЕҲ, МИЁНИ ОДАМОН,
САРХАМУ БЕҚАДРУ ҚИММАТ ПЕШИ ЁРОНАМ МАКУН!
НОКАСОН АЗ БЕИМОНӢ, ҚАЛБИ ОДАМ БИШКАНАНД,
ПЕШИ МАРДУМ МАЗЛУМУ МӮҲТОҶУ НОЛОНАМ МАКУН!
ТУ БА ҲАР ФАРЗАНДИ МАН ОДОБУ ИНСОФАШ БИДЕҲ,
ДАР ДАМИ ПИРИИ ХУД, ДАР КӮЧА САРСОНАМ МАКУН!
ДОРАМ УМЕДИ КАЛОН АЗ РАҲМАТАТ ПАРВАРДИГОР,
ЭЙ ХУДО, ҲЕҶ ГОҲ ҶУДО, АЗ ДИНУ ИМОНАМ МАКУН!!!
🤲🤲ОМИН!🤲🤲
💫🦋💫
Модари чашминтизорам, зинда бош,
Эй, ҷамоли рӯзгорам, зинда бош!
Ҳар куҷо бошӣ, ту, он ҷо зиндагист,
Чеҳраи доимбаҳорам, зинда бош!
Хоб дар чашмат наояд, то саҳар,
Модари чашмзиндадорам, зинда бош!
Орзуҳоят ба ман бахшидаӣ,
Эй, умеду ифтихорам, зинда бош!
Ғайри фарзандон надорӣ, ғуссае,
Ғамшарику ғамгусорам, зинда бош!
То ту ҳастӣ, мекунам, парвозҳо,
Боиси авҷу барорам, зинда бош!
Соф ҳамчун осмони бекарон,
Пок ҳамчун чашмасорам, зинда бош!
Дар тамоми умр панду ҳикматам,
Дар ҳама ҳастӣ, шиорам, зинда бош!
Духтарат Озода гирад, аз ту файз,
Қуввату зӯру мадорам, зинда бош!
ҶУРМИ ЗАМОНА НЕСТ,ВАЛЕ СОДА ГУФТААНД,
МОРО ҶУДО ЗИ ХОНА,ДАРЕҒО ЗАМОНА КАРД.
Ман дар ин мулки ғариби хору зорам Очаҷон,
Хаставу бечораву озурдаҳолам Очаҷон,
Зери боми мардуми бегона мегирям зи ғам,
Дар куҷои ғамшарику ғамбарорам Очаҷон.
Омадам мулки ғариби аз паси як бурда нон,
Бо дуои неки ту авҷу барорам Очаҷон.
МО, МАРДИ МУСОФИРЕМ....
☆☆☆☆☆
МО, БУЛБУЛИ МАСТЕМУ ЧАМАН НЕСТ, МОРО,
МО, МАРДИ МУСОФИРЕМ, ВАТАН НЕСТ, МОРО.
ИН УМРИ АЗИЗ БЕ ВАТАН МЕГУЗАРАД,
КАРДЕМ,САФАРИ ДУР, ОМАДАН НЕСТ, МОРО.
Показать ещё