Салом ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ
аз номи тоҷикони Қазоқистонӣ.
Тоҷикону тоҷикистониёни гиромӣ!!!
Шуморо ба муносибати Санаи муҳими таърихӣ – гиромидошт ва таҷлили ҳуҷҷати сарнавиштсози миллати тоҷик – Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз самими дил шодбош мегўям.
Сарқонун чаҳорчӯбаи ихтиёрот ва салоҳиятҳои қувваҳои сегонаи давлату кишвардориро ки поя ва асоси давлатдорию кишвардори мебошад,
дақиқу шаффоф муайян мекунад.
Сарқонун намоди истиқлол ва кафолати
ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ аст.
Маҳз кафолати Сарқонун ва риояи он боис мегардад, ки тоҷику тоҷикистонӣ ба таври осоишта зиндагӣ ва кору фаъолият намуда, ҷомеъаи мо ба самти муваффақиятҳои бузург роҳ паймояд.
Ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва кишвари Тоҷикистон сулҳу амонӣ ва дар фаъолияти минбаъдаи шумо барори кор хоҳонам, комёбиҳои нав ба нав ва саодати рўзгорро бароятон таманно дорам.
Бо камоли эҳтиром,
Юсуфи Қазоқистонӣ
( Аминов Юсуфҷон Амонович )
Муовини раиси маркази фарҳангии тоҷикони вилояти
Алмаато " САФАР "


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 4
Ҷаҳони сипос аз лутф ва дуъои неки шумо.
Шуморо низ Худо ҳифз намояд.