Ҳангоми зиёд шудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон чӣ ба назар гирифта мешавад?
Меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳои ҷарима ва пардохтҳо дар Тоҷикистон дар соли 2026 то 78 сомонӣ афзоиш меёбад, дар соли 2025 он 75 сомонӣ буд. Он ба чӣ асос ёфтааст ва афзоиши он ба шаҳрвандон ва иқтисоди кишвар чӣ гуна таъсир мерасонад? Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ин ва дигар суолҳоро бо Фаридун Усмонов, сардабири маҷаллаи "Иқтисодчӣ" баррасӣ кардааст.