Ба Шабакаи мо пайваст шавед:
https://goo.gl/177h5e
Вконтакте:
https://goo.gl/f1ajSs
Однокласники:
https://goo.gl/wZnSDd
Дар шаҳри Екатеринбурги Русия баъди занозании гуруҳӣ бо ширкати муҳоҷирони тоҷик дар бозори "Ханой” ҷасади як ҷавони тоҷикро пайдо кардаанд. Ин ҷасад дар наздикии маҳалли занозании ахир ёфт шудааст, вале мақомот ба далели сирри тафтишот аз ифшои ном ва ҷузъиёти қатли ин ҷавони тоҷик худдорӣ мекунанд.
Александр Шулга, ёвари сардори Кумитаи тафтишоти вилояти Свердловск рӯзи 18 апрел дар сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” пеш аз ҳама хабарҳои панҳншуда дар бораи ёфт шудани ду ҷасади зодагони Тоҷикистонро рад кард: "Кушта шудани ду нафар овозаест, ки мо тасдиқ намекунем. Фақат як нафар кушта шудааст, вале ба хотири сирри тафтишот ҷузъиёташро дода наметавонем.”
Ин ҷасадро дар ноҳияи Железнодорожнийи шаҳри Екатеринбург дар наздикии бозори "Ханой” пайдо кардаанд. Ахиран дар ин бозор занозании гуруҳие бо ширкати муҳоҷирони тоҷик рух дода буд.
Пулиси Екатеринбург хабари занозаниро рад мекунад ва мегӯяд, танҳо як нафар расман шикоят кардааст, ки мавриди ҳамла қарор гирифтааст.
Вале дар Интернет видеоҳое нашр шудааст, ки аз таҷаммӯи гуруҳи бузурге дар даромадгоҳи маркази савдои "Ханой” дарак медиҳад. Бисёрии онҳо бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд.
Муҳофизони бозор талош мекунанд, ки гуруҳҳои даргирро аз ҳам ҷудо кунанд, вале зӯрашон барои ором кардани издиҳоми бузург намерасад.
Дар зерматни яке аз видеоҳо гуфта мешавад, ки занозаниро дар бозори "Ханой” Шер ва Ҷамшед ном зодагони Тоҷикистон ташкил кардаанд. Ҳадаф тақсими дубораи қаламрави нуфузи байни гуруҳҳои мухталиф дар маркази савдои "Ханой” гуфта мешавад. Дар видео низ садои як тоҷик меояд, ки мегӯяд: "Шер зада истодааст. Намедонам, барои чӣ?”
Мақомоти пулис гуфтанд, ки вазъият дар бозори "Ханой” таҳти назорат қарор дорад ва онҳо шикояти расида дар бораи латукӯби як соҳибкори ин бозорро тафтиш мекунанд.
Вале баъди чанд соат ҷасади муҳоҷири тоҷикро пайдо карданд.
Теги: новости таджикистан 2018, сегодня, хабархои нави точикистон 2018, хабархои имруз, хабархои нав, ахбор 2018,
хабар 2018, tajikistan news 2018, хабархои точикистон 2018, ахбори ВКД, душанбе 2018, cипар 2018, худжанд 2018,
эмомали рахмон 2018, ахбори точикистон 2018, хабархои нави точикистон 2018, таджикистан новости 2018, tajikistan 2018,
tajikistan news 2018, душанбе 2018, навгони, нав, хабар, ахбор, ходисахо, точик, курс сомони сегодня, россия таджикистан 2018, таможенный союз таджикистан 2018,