Омадам хохам ба ин дунё,
Аз барои бо ту будан буд.
Бо ту дар як шоми борони,
Гуёки ин ч,ахон аз ман буд.
Бо ту дар як шоми борони,
Чанд соат хамнафас будем,
Гуё чун мурги вобаста,
Берун аз банду кафас будем.
Бо ту дар як шоми борони,
Содаву озода мерафтем.
Дил ба кафт гирифта аз шоди,
Хар нафас дилдода мерафтем.
Бо ту дар як шоми борони,
Хуштарин як сухбати мо буд.
Чанд соат байни соатхо.
Хадя аз кисмати мо буд.
Бо ту дар як шоми борони,
Шеър мехондам зи буди инч.
Катрахо оханг мебастанд,
Аз само бахри суруди инч.