Он сиё холест ки бар рухсори ҷонони ман аст
Ханҷари мижгони ӯ пайваста бар ҷони ман аст
Носеҳон беҳуда мегӯянд, ки дил бардор аз ӯ
Ман ба фармони дилам, кай дил ба фармони ман аст?
Гуфтам, эй ширинсухан ошиқ макуш, кам ноз кун
Гуфт: ошиқ мекушам, чанд рӯзи даврони ман аст
Гуфтам эй нозук, сар бар гарданат мори сиёҳ
Гуфт кай мор аст, ки он кокулпарешони ман аст
Аҳмади Ҷомӣ зи ишқат сӯхт гар монанди шамъ
Нури ин шамъи азал он моҳи тобони ман аст
Он сияҳ холест, ки бар рухсори чонони ман аст,
Ханчари мижгони ў пайваста бар чони ман аст.
Нофиҳо беҳуда мегуйи, ки дил бардор аз ў,
Ман бар фармони дилам, кай дил ба фармони ман аст.
Гуфтаме нозук бадан аз ту меояд бўйи мушк,
Гуфт кай он бўйи мушк, ин зулфи печони ман аст.
Гуфтаме ширинсухан бар гарданат море сияҳ,
Гуфт кай мор афт, он зулфи печони ман аст.
Аҳмади Чоми зи ишқат сўхтам монанди шамъ,
Гуфт кай шамъ афт, он ин моҳи тобони ман аст.
Ғазали Аҳмади Чоми
источник:
https://www.youtube.com/channel/UC-jWqaKS-TTO_mOXaR-CKKA
Ба шабака обуна ва ба дӯстон тавсия кунед ...
#TJnews
Мо дар ВК -
https://vk.com/tajikistan1991
Мо дар ОК -
https://www.ok.ru/group/55049308864522
Мо дар twitter -
https://twitter.com/tjnews_1991
www.tvt.tj