Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар роҳи миёни шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ашт се узви як оила – модару писар ва набера – ҷон бохтаанд. Ин ҳодиса баъд аз зуҳри 14-уми август иттифоқ афтодааст.
Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, ки дар ин садама як “Камаз” бо мошини навъи “Hyundai Porter” бархӯрдааст. Мақомоти расмӣ то ҳол ҷузъиёти садамаро ошкор накардаанд. Аммо афроди огоҳ гуфтанд, ки “ронандаи “Камаз” аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромадааст.”