Дар деҳаи Баҳористони ҷамоати деҳоти Сешанбе корҳои ободонӣ вусъати тоза мегирад. Баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни Наврӯз зиёда аз 500 нафар сокинони деҳаи Баҳористон ба ҳашари дастаҷамъи баромада, роҳҳои ҳудуди деҳа ва оромгоҳро ободу тоза намуданд. Баҳри тоза намудани роҳҳо ҷӯйҳои обгузар ва Оромгоҳ аз партовҳо сокинон аз техникаҳо истифода бурда партовҳоро ба нуқтаи асоси интиқол доданд. Сокинони деҳот шукрона аз соҳибистиклолии Тоҷикистони азиз намуда, нақша доранд, ки баъд аз ҷашни Наврӯзи Аҷам низ дар анҷом додани чунин тозакориҳо саҳм гузоранд.