Субхон Саидов / Субҳони Саид
Рузе, ки танам ба хоки намнок шавад
Овозаи мурданам бар афлок шавад
Хат дар варақи даҳр бимонад сад сол
Бечора нависанда, ки бар хок равад
Шукронайи обу хоки Ватанам
Шукронаи подараҳу деҳу даманам
Шукрона ба лаҳзахои хушбахтии хеш
Сад шукр саломатии ҳар ҳам ватанам
Шукронаи як навола нони даҳанам
Шукроноаи боғу роҳу ҷаманам
Аз санги раҳи Ватан ду чашмам наканам
Дар роҳи Ватан фидо кунам ҷону танам
Дар ишқи Ватан булбули гуянда манам
Дар васфи Ватан ба фасл гуям суханам
Ман аз каму костии худ дам назанам
Шукрона аз он кунам, ки соҳиб Ватанам