Ба дасти Радиои Озодӣ як видеои нодире расид, ки лаҳзаи ҳаяҷонангези наҷоти як ҷавони тоҷикро аз зери тарма нишон медиҳад. Видеоро як корбари Радиои Озодӣ аз тариқи Вотсапп ба мо фиристод ва онро ронандаи таксие аз минтақаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб бардоштааст. Дар ин видео дида мешавад, ки гурӯҳе аз мардум саъй доранд, аз сӯрохии танге аз зери барф ҷавонеро берун кашанд.