Дар деҳаи Хирманаки Ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор пули мошингузар мавриди истифода қарор гирифт. Купрук бо дастгирӣ ва сарпарастии бародарон - Сатторовҳо бунёд гардид. Пул ба номи падари марҳумашон Ҳикматулло - "Бобои Ҳикматулло" сабти ном шуд. То рӯзе, ки купрук истифода мешавад савобаш ба созандагону саҳмгузорандагон мерсад. Аҳсану офарин!