Сокини дехаи Сулхобод ,чамоати дехоти Тугарак нохияи Восеъ, Сангов Фарух Бобочонович тобистони соли 1996 хамрохи ду нафари дигар бо максади мухочирати мехнати ба федератсияи Росия рафтанд. Аз хамон сол онхо бедарак хастанд. Одинаева Одинамо, модари Фарух муддати 20 сол мешавад, ки писарашро чустучу дорад. Дар чустучуи Фарух падару бародаронаш ба федератсияи Росия рафтанд. Ба барномаи «Жди меня» хабар доданд, ин мурочиати онхо натича надод. Дар мухочират падари Фарух шохиди бисёр мушкилотхои мухочирон гаштааст. Дар ин чо, у фахмид,ки одамро мефурушанд. Гумоне, дар сараш пайдо гаштааст, ки мумкин Фарухро фурухта бошанд.
Гузориш махсус барои барномаи «Дониш - сипар» № 7 "Фуруши одам ва таъсири манфии он ба мухочирони мехнати ва чавонон " тайёр карда шудааст .