Дарди диле бо Худо❤🙏
Худоё, ман бар нотавонии худ иқрор мекунам. Меҳрубонтарин, бар фақру нодории худ муътарифам.
Парвардигори ман, бар гуноҳону иштибоҳоти худ шармгинам ва бахшишатро металабам. Ҳама дору нодори ман. Тамоми неъматҳоят бароям ширин аст. Шукр мекунам, ки ҳанӯз маро бандаат медонӣ. Шукр мекунам, ки ҳанӯз ҳам дӯстам медорӣ ва танбеҳам мекунӣ, то ман ҳам бидонам ва бовар кунам, ки дӯстам медорӣ, зеро хуб медонам, ки агар дӯстам надошта бошӣ, раҳоям мекунӣ. Маъбуди ман, тамоми он чи бо ман мекунӣ, туро шукру сипос мегӯям, зеро агар нишонам медиҳӣ, ман ниёзмандтарин мавҷуд ба Ту ҳастам ва Ту ҳам ҳанӯз бо ҳамаи иштибоҳотам дӯст медорӣ, ҳатто агар маро ин гуна намеписандӣ, аммо маро бо ҳамин вуҷудам, ки ҳастам, боз ҳам дӯст медорӣ. Худоё, дастҳои меҳрубонатро, нигоҳи ошиқонаатро, меҳри худовандиатро, раҳнамоии дилсӯзонаатро, ташвиқу танбеҳҳои ҳамешагиатро барои худам, барои дӯстонам ва барои хонаводаам металабам. Лаҳзае ҳам раҳоямон макун, ки бе ту печида дар адамем ва бо ту мондагор дар абад🌙🙏