Муноҷоти мондагор ба суйи Парвардигори олам!
🌷Эй Парвардигор ва офаридгорам, ва эй нигаҳбон ва паноҳгохам.
Ба суйи ту дар душвориҳо ва осоишҳо мешитобам.
🌹Эй Парвардигорам агарчи гуноҳонам бузург ва фаровон аст.
Аммо авф ва гузашти ту аз гуноҳони ман бузургтар аст.
💧Парвардигоро ҳоли маро мебини ва низ фақр ва дардмондагиямро, ва ту муноҷоти пинхонии маро мешунави.
🌾 Эй Парвардигорам маро аз азоби худ паноҳ деҳ😰 чаро ки ман асирам, залилам ва метарсам ва дар баробарат фурутанам.
🌴Эй Парвардигорам, бичашон ба ман лаззати авф ва бахшиши худро, дар рузе, ки на фарзанд ва на мол, ба инсон нафъе намерасонад.
🍃Парвардигоро гуноҳонам аз ҳад гузашта ва зиёд шудааст, аммо бахшиши ту бузургтар аз гуноҳони ман аст.