Ист як дам, як ду ҳарфи гуфтанӣ дорам ба ту,
Ҳарфи меҳролуд аз мағзи дили бетоқатам.
Гӯш кун ҳарфи муҳаббат аз дили н-олудае,
Аз дили сӯзони дар ёдат шуда нороҳатам.
Ман нагардидам таваллуд баҳри озори ка-се,
Халқ гаштам баҳри он ки ҷой бошам дар диле.
Халқ гаштам, ки намирам дар суруди ошиқӣ,
Сӯзаму созам паи корею ҳусни манзиле.
Ман фақат аз ишқи ҷӯшон шодии дил хостам
Баҳри ту, ҳам баҳри худ, ҷононаи хушқоматам.
Ист як дам, як ду ҳарфи гуфтанӣ дорам ба ту,
Ҳарфи меҳролуд аз мағзи дили бетокатам ..!