Дар пайи садамаи санаи 24-июл дар роҳи нақлиётгарди «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» 6 нафар ба ҳалокат расида 3 тани дигар бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба беморхона бистари гаштанд. Ин садами марговар соати 15:10 дақиқаи рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта рух дод. Ронандаи 32 солаи «Тайота-Корола», сокини шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштиҷ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», ки таҳти идораи сокини 26 солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд бархӯрд. Баъдан нақлиёти «Тайота» ба нақлиёти тамғаи «Мерседес-Бенс», ки онро сокини 36 солаи шаҳри Истаравшан идора мекард бархӯрдааст.