
Фильтр
добавлена 22 февраля в 23:41
- Класс!0
добавлена 20 февраля в 13:49
24:39
0 комментариев
32 раза поделились
1 класс
- Класс!0
добавлена 20 февраля в 13:21
56:45
- Класс!0
добавлена 19 февраля в 18:06
Пурсишҳо ва посухҳо | Мансур ва наҳзати заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ | Пурсиши шумораи 11 (Коди 20)
Вазифаи зан дар ин даврон чист? Чигуна метавонад имоми хешро ёрӣ диҳад? Ҳамаи таколифи фардӣ ва иҷтимоъӣ ки дар Ислом ташръи шуда, миёни мард ва зан муш...
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
0 комментариев
15 раз поделились
17 классов
- Класс!0
добавлена 19 февраля в 17:00
24:39
0 комментариев
32 раза поделились
1 класс
- Класс!0
добавлена 16 февраля в 14:44
- Класс!0
добавлена 16 февраля в 03:20
Бе хато
Қисми 6 Шаб чунон тӯлонӣ буд, ки гӯё барои Марям як сол гузашта бошад. Духтар аз гиряи зиёд бо чашмони варамкарда наздик ба субҳ хобаш бурд. Марям вақти пешин бо дарди сар бедор шуда, оҳиста ба ҳавли баромад. — Бедор шудӣ, духтарам? Худам ҳам мехостам туро бедор кунам. Ба суроғи ту омаданд, — зан бо нигаронӣ ба Марям нигарист. — Ассалому алайкум, янгамулло... Хуб ҳастед? — Ҷамшед ҳамин ки Марямро дид, аз ҷой бархоста эҳтиромона салом дод. Марям низ бо одоб ҷавоби салом дод ва ҳолпурсӣ кард. Чашмони Марям ногаҳон ба коғазҳои дасти ҷавон афтиданд. — Ҳамон чиз. Инро аз номи ман фиристоданд, — Ҷамшед чизҳои дар дасташ бударо ба духтар дароз кард. Марям бо ашки шашқатор ҳуҷҷатҳоро ба даст гирифт. — Ин тавр шуданаш мумкин нест... Охир суд нашуд-ку. Самир-акаам ҷавоби маро надода буд? Чӣ тавр ҷудо мешавам? — Марям ба гиря даромад. — Янгамулло... Вай Саидбой аст. Агар гуфт, пас мешавад. Кӣ ҳам метавонист ба ӯ муқобил барояд? — ҷавон сарашро хам кард. — Духтарам... Ҳамааш хуб мешавад. Ба Аллоҳ таваккал кун. Барои Ӯ осон аст, — зан сари духтарро, ки чашм аз коғаз намеканд, сила кард. — Ба ман ручка дода метавонед? — Марям чашмонашро сахт пӯшид. Ҷавон ручкаро дароз кард ва духтар боз хомӯш монд. — Намехостам... — Марям ба ҳуҷҷати талоқ имзо гузошт. Барои ӯ дар он лаҳза гӯё ҳама чиз ба охир расида буд. Чаро ин корро мекунед? — Баҳром фикрмизоҷ ба марде, ки дар диван нишаста буд, нигарист. — Ба Самир гуфтам. Гуфтам, ки то вай ба каси дигар шавҳар накарда, агар шифо ёбӣ, ба наздаш мерасӣ. Агар дар ҳақиқат дӯсташ дорад, бо тамоми қувваташ ҳаракат мекунад. Агар дӯст надорад, ҳамин хел мондан мегирад. Дар як мижа задан як моҳ ҳам гузашт. Рӯзҳо зуд мегузаштанд, аммо танҳо барои Марям як рӯз гӯё ба як сол баробар буд. Духтар, ки рӯзҳои дардноку бемаъноро паси сар мекард, торафт ба қаъри ноумедӣ фурӯ мерафт. — Саҳар боз Малика омада рафт. Мегӯяд, ки "агар ба ман надиҳед, ба кӣ медиҳед?"... — Малоҳат-апа ба духтаре, ки хӯрок мехӯрд, нигарист. — Як бор мешуд, майли, аммо баъди се бор ҷавоби рад гирифтан, боз омадааст? Ман ба он писари шилқимаш ҳеҷ гоҳ шавҳар намекунам, бибӣ, — Марям қошуқи дасташро ба рӯи стол гузошт. — Марям. Ҷиянҳоят ҳам калон шуда истодаанд. Фардо вақташ ояд, бояд онҳоро ҳам хонадор кунем. Тӯй мекунем, духтар мебарорем. Намехоҳем, ки он вақт дар назди ҳамсояҳо аз сабаби ту рӯямон сиёҳ (шарманда) бошад, — гапҳои Темур-ака ба Марям сахт расиданд. — Марямхон, гапҳои тағоятонро ба дил наздик нагиред. Барои ояндаи худатон мегӯянд, — Зумрадхон хост духтарро тасаллӣ диҳад. Бегоҳирӯзӣ, вақте духтар аз мағозаи кӯчаи ҳамсоя ҷурғот харида бармегашт, бо ҷавоне рӯ ба рӯ шуд, ки пайваста ба вай хостгор мефиристод. — Марямхон, агар каме таваққуф кунед, сӯҳбат мекардем, — ҷавон аз пайи духтаре, ки тез-тез қадам мезад, равон шуд. — Ман бо шумо ҳеҷ гапе надорам. Баъди ин қадар рад кардан, боз модаратонро ба хона фиристодаед. Охир гуфтам-ку, ба шумо намерасам! — Марям бо асабоният гап мезад ва кӯшиш мекард худро ба даст гирад. — Чаро худро ин қадар боло мегирӣ? Магар моҳи осмонӣ, ки касеро писанд намекунӣ? Каси дигар мебуд, бо ҷону дил розӣ мешуд. Худат ба як ҷавони маъюб шавҳар карда, бозпас омада нишастаӣ. Мани девона ба ту раҳмам омада истодааст. Аз ман дигар ягон саг ҳам ба ту нигоҳ намекунад! Марям чунон ба хашм омад, ки худро дошта натавониста, ба рӯи ҷавон як торсакӣ (шаппотӣ) зад. — Худованд барои мисли ту баринҳо ҳам ҷазое дорад, — духтар ба дашномҳои зери лаби ҷавон аҳамият надода, тез-тез дур шуд. Дар асл ин тавр набуд. Ба ғайр аз он ҷавон, аз маҳаллаҳои дигар низ барои Марям хостгорҳо меомаданд. Ҳар ду рӯз пас розигии ӯро мепурсиданд. Аммо Марям ҳамаи онҳоро ҳатто фикр накарда, рад мекард. Чунки дилашро аллакай ба каси дигар бахшида буд. Духтар, ки барои хӯроки нисфирӯзӣ хӯриш мекард ва зери лаб суруде замзама менамуд, бо садои занги телефон таваққуф кард. Рақами Зайнаб. Духтар бо дили ноором ба занг ҷавоб дод. — Зайнаб? — духтар хост бидонад, ки оё воқеан хоҳараш занг задааст. — Апа? Хуб ҳастӣ? — Ҳамин ки садои гиряи духтар шунида шуд, ба дили Марям оташ афтод. — Чӣ шуд, чаро гиря мекунӣ? — духтар зарфи дасташро ба рӯи стол гузошта, барои беҳтар шунидани садо ба берун баромад. — Апа... Дили дадам хурӯҷ кард (приступ шуд), — Зайнаб ин суханҳоро бо гиряву бо душворӣ гуфт. Марям дар он лаҳза гӯё ях баст. Дар мағзаш садои чирросе танинандоз шуд. — Ҳозир дар беморхона ҳастем. Шуморо суроғ доранд... "Биёяд" мегӯянд, — Зайнаб ин дафъа каме баландтар гиря кард. Марям оҳиста ба девор такя карда, ба замин нишаст. Марям аз лаҳзаи ба мошин нишастан то ба шаҳр расидан хомӯшона ашк мерехт. Вақте ба беморхонаи гуфтаи Зайнаб расид, аз ҳамшираҳои қабулгоҳ падарашро пурсид. Ба назди ҳуҷраи нишондодашуда расида, духтар лаҳзае таваққуф кард. Дардаш дилашро фаро гирифт. Марям гӯё қадамҳояшро шумурда, оҳиста ба ҳуҷра даромад. Дар кати беморӣ падараш бо дастгоҳҳои тиббии васлшуда хобида буд. Дар паҳлӯяш бошад, Зайнаб ва Шайдо-хонум буданд. — Дада? — Равшан-ака сарашро ба тарафи духтараш гардонд ва чашмонаш пур аз ашк шуданд. Марям давида рафта падарашро ба оғӯш гирифт. Хеле вақт буд, ки ӯро надида буд. Падарашро сахт ёд карда буд. — Омадӣ, нури дидаам? — Равшан-ака гиря кард. — Омадам, дадаҷон, омадам, — духтар ба чашмони падараш нигоҳ карда, боз гиря кард. Баъд аз сӯҳбати кӯтоҳ бо падар, ҳамшираи шафқат фармон дод, ки беморро хаста накунанд ва онҳоро аз ҳуҷра берун кард. Зайнаб гуфт, ки Азиз барои корҳои заводи нави падараш ба хориҷа рафтааст ва танҳо пас аз сохта шудани завод бармегардад. — Шукр, ки ин бори аввал аст ки аз падарам дур шуд, барои ҳамин зудтар шифо меёбанд. Аммо агар боз ин ҳолат такрор шавад, аҳволашон вазнин мешудааст, — Зайнаб сарашро ба китфи апааш гузошта гап мезад. — Аслан чаро ин тавр шуд? Барои ту! Барои ту асабӣ шуданаш дилаш хурӯҷ кард. Агар каме мемонд, вайро ҳам мекуштӣ! — Шайдо-хонум ба девор такя карда, дастҳояшро дар бари синааш гиреҳ кард ва ба сари духтар дод зад. Рӯзҳо хеле зуд мегузаштанд. Рӯзи бозгашти Азиз наздик мешуд. Марям бошад, намехост падарашро тарк кунад. Аммо агар Азиз баргардад, вай дар ин ҷо монда ҳам наметавонад. Равшан-ака бошад, баръакс, мехоҳад духтарашро низ ба ширкат ворид кунад. Ҳар бор, ки ин мавзӯъ кушода мешавад, Шайдо-хонум ба ҷазава меафтад. Дар давоми ин як сол вай ба Марям аслан оромӣ надод. Хонаи калон. Дар дохили он ҳама чиз барои машқи варзишӣ мавҷуд аст. Ҷавоне, ки дар маркази хона бо пойҳояш машқ мекард, абрӯвонашро чинда, бо каме душворӣ аз ҷой бархост. Арақҳои пешонаашро пок карда, чанд ҷуръа об нӯшид. Чунки роҳ рафтанаш каме душвор буд, асояшро ба даст гирифт. — Самир. Падарат омад, — Баҳром-ака ба асои Самир ишора кард ва ҷавон дарҳол асоро ба як сӯ партофт. Вай ба назди марде, ки ба хона ворид шуд, бо табассуми мағрурона баромад. Ҳарчанд қадам заданаш каме мушкил буд, кӯшиш мекард инро нишон надиҳад. — Ассалому алайкум, падар. — Суханҳояш дигар мисли пешина печида набуданд. Назар ба ҳарвақта равон ва бо овози амиқ садо медоданд. — Ва алайкум ассалом, Бек. Рӯз ба рӯз ҷавони зебову болобаланд шуда истодаӣ, — Саидбой ба китфи писараш зад. — Ба падарамон монанд-да, — шӯхӣ кард Самир. — Ҳа, зинда бош. Хӯш, корҳои ширкат чӣ хел? Одат кардӣ? — Саидбой ба яке аз диванҳо нишаста, нигоҳашро ба писараш дӯхт. — Ҳамааш хуб. Барои одат карданам ҳамин се рӯз кифоя буд... Баъд... Падар, ваъдаатон дар ёдатон ҳаст? — Самир ҷиддӣ шуда, дар рӯ ба рӯи падараш нишаст. — Кадом ваъдаам? — Падар! Бозгаштамон ба Тоҷикистонро дар назар дорам. Ман мехоҳам фардо ба ватанам равам. Саид-ака баъди шунидани гапи писараш мақсади ӯро фаҳмид. — Ту то ҳол дар бораи он духтар фикр мекунӣ? — Баъди ин суханони Саидбой, Самир сарашро оҳиста хам кард. — Вай аллакай шояд ба шавҳар баромада бошад, — илова кард ӯ. — Не. Вай ин корро намекунад, — Самир бо боварӣ боз сарашро боло кард. — Аз байн беш аз як сол гузашт. Вай аллакай шавҳар кардааст. Ӯро фаромӯш кун, — гапҳои Саидбой боз ҳам ҷиддитар шуданд. — Шумо ба ман ваъда дода будед, падар. Ман ҳам ваъда дода будам. Ман аллакай ба ваъдаам вафо кардам сиҳат шудам. Акнун фардо ба Тоҷикистон бармегардам. Корҳоямро дар он ҷо давом медиҳам, — Самир аз ҷой бархоста, аз хона баромад. Ба хонааш даромада, ҷавон худро ба болои кат партофт. Чашмонашро сахт пӯшид, аммо хаёлаш ба сӯи ӯ рафт ва боз аз ҷой хест. Аз ҷевон қуттии хурдеро гирифта, аз дарунаш ҷавоҳироти Марямро баровард. Боз худро ба кат партофт. «Чӣ тавр фаромӯш кунам? То ҳол рақс кардани ӯ бо куртаи адрасу тоқии мунчоқдор аз хаёлам намеравад. Магар фаромӯш кардани он чашмони оҳу имкон дорад? Мӯйҳои дарозаш ҳоло шояд аз пешина ҳам зеботар шуда бошанд. Танҳо фикри гирифтани дастҳои ӯ, ки ҳанӯз ламс накардаам, маро ба ҳаяҷон меорад.. — Вай шавҳар накардааст. Ҳамин ки ман ба сиҳат шудан сар кардам, Баҳром-ака ҳар рӯз дар бораи ӯ ба ман маълумот медод. Маҳз барои ҳамин ман хотирҷамъам. Барои он ки он Азизи аблаҳ дар канори ӯ нест, ман то ҳол дар ин ҷоям. Ҷавон ҳамин тавр хаёл сурида, телефонашро гирифту ба касе занг зад. — Зафар. Тайёрӣ бинед, фардо ба Тоҷикистон бармегардем. — Ҷавон бо дӯсташ гап зада, зангро қатъ кард. — Маро интизор шав, оҳучашми ман. Фардо ба наздат бармегардам, — Самир ба ҷавоҳироти дар дасташ буда нигариста, оҳиста пичиррос зад. Субҳ, духтаре, ки барои кор ба назди падараш шитоб мекард, истода гап задани Шайдо-хонум ва Азизро тавассути телефон шунид. — Баъди 4 ё 5 рӯз мерасам, оча, — бо шунидани овози Азиз ва ин суханони ӯ, дили Марям чунон сахт тапид, ки гӯё аз синааш берун мешуд. — Тезтар биё, бачаҷонам. Ҳамаамон туро ёд кардем. Он "марями" (шутур) ҳам тезтар аз хона мерафт, — суханони бо оҳанги норизоии Шайдо-хонум барои Марям аллакай як чизи муқаррарӣ шуда буд. — Хавотир нашавед, модарҷон. Биравам, худам ҳамаашро ҳал мекунам, — Марям баъди шунидани гапҳои бародараш нафаси вазнине кашида, аз хона баромад. Ҳамин ки ба коргоҳ ворид шуд, нигоҳи ҳама мисли ҳамеша ба сӯи Марям равона гашт. Вай хеле зебо буд. Бе ороиши зиёдатӣ ва бе либосҳои кушод. Ҳар чизе ки мепӯшид, ба ҳусни ӯ ҳусн зам мекард. — Ассалому алайкум, падарҷон. Ман омадам. Ҳуҷҷатҳоро омода кардам. Худатон як бор бинед, агар камбудие бошад, гӯед, майли? — духтар падарашро ба оғӯш гирифта, сипас ҳуҷҷатҳоро ба рӯи мизи ӯ гузошт. — Садақаи духтари доноям шавам. Лаб-лаб ба худам монанд шудаӣ-да, — Равшан-ака пешонаи духтарашро бӯсид. — Духтари шумо-да, — Марям табассумкунон аз паҳлӯи падараш гузашта, ба диван нишаст. — Марям... Бо ту як гапи муҳим дорам, — Равшан-ака ҳуҷҷатҳоро ба як канори миз гузошта, ба Марям нигарист. — Гӯш мекунам, падарҷон, гӯед, — Марям диққаташро ба падараш равона кард. — Бо Зоҳид гап задам. Писараш пой афшоридааст, ки "ба ғайр аз Марям ба каси дигар хонадор намешавам". Духтарам... Гӯш кун, агар он ҷавон (Самир) баргардад ҳам, ман туро дигар ба онҳо намедодам. Ва касе намедонад, ки вай сиҳат шуд ё мурд. Барои ҳамин, илтимос, фикр карда қарор қабул кун. Агар ба писари Зоҳид шавҳар кунӣ, ширкатамон боз ҳам калонтар мешавад. Ту ҳам дар оромӣ ва мисли маликаҳо зиндагӣ мекунӣ, — Равшан-ака нигоҳашро аз духтараш, ки сараш оҳиста хам мешуд, наканда гап мезад. Марям ба фикр фурӯ рафт, чашмонаш сӯхтанд ва бо тамоми ҳастӣ кӯшиш кард, ки гиря накунад. Аммо нашуд. — Ман... ман... намедонам... Агар ин барои шумо муҳим бошад, пас бигзор ҳамон тавр шавад, ки шумо мегӯед. Марям тамоми шабро бо гиря рӯз кард. Дар ҳоле ки Самирро дӯст медошт, фикри ба каси дигар шавҳар кардан дилашро бештар азоб медод. Рӯзи кории муқаррарӣ. Духтар боз ба сӯи ҳуҷраи кориаш шитоб мекард. Ҳуҷҷатҳои дар дасташ бударо тафтиш карда, ба хонааш даромад. Вақте дарро пӯшида ба ақиб гашт, ба касе бархӯрд ва ҳама чиз аз дасташ ба ҳар сӯ пош хӯрд. — Узр мепурсам. Намехостам шуморо тарсонам, — ҷавони ношиносе хам шуда, ба ҷамъ кардани коғазҳо сар кард. — Ҳеҷ гап не. Дар асли ин гуноҳи ман аст, шуморо надидам, — Марям ҳам хам шуда, ба ҷамъ кардани ҳуҷҷатҳо шурӯъ кард. Духтар кӯшиш кард ба рӯи ҷавони ношинос нигоҳ кунад. Ба ҳар ҳол, ин ҷо ҳуҷраи кории ӯ буд ва ин ҷавонро пештар дар коргоҳ аслан надида буд. Вай кадом як хел аҷиб буд. — Шумо навед? — Марям ҳангоми ҷамъ кардани ҳуҷҷатҳо савол дод. — Ҳа, хонум. Навам, ба ман гуфтанд, ки бо шумо вохӯрам, — ҷавон бе он ки рӯяшро боло кунад, ҷавоб дод. Марям ӯро бодиққат мушоҳида кард. Костюм-шалвори сиёҳ. Китфҳои васеъ. Тани варзида. Ргҳои дастҳояш намоён буданд. Магар чунин инсон метавонад як коргари оддӣ бошад? Марям як лаҳза фикр кард, ки ин Самир аст. Намедонам чаро, дилаш сахт тапидан гирифт. — Чизе шуд? — ҷавон ҳуҷҷатҳои охиринро ба духтар дароз кард. Вай дар ҳақиқат ба Самир хеле монанд буд. — Не, фақат шуморо ба як инсони наздикам хеле монанд кардам, — Марям чашмони каме пурашкашро ба дигар тараф бурд. — Майли. Пас ман дертар боз ба наздатон меоям, — ҷавон ба ақиб гашта ба сӯи дар равон шуд. Чунки тирезаҳо кушода буданд, ба хона шамол даромад. Бӯи атрӣ ҷавон тамоми хонаро фаро гирифт. Марям шах шуда монд. — Самир? — Лабҳои духтар ларзиданд. Ҷавон бо шунидани номи худ, дар рӯяш табассуми мағрурона пайдо шуд. Магар фаромӯш кардан мумкин аст? Чӣ тавр ин чашмони қаҳварангро фаромӯш кунад? Чӣ тавр бӯи атриеро, ки ҳамеша худаш мезад, фаромӯш кунад? Чӣ тавр ин мӯйҳои парешонро фаромӯш кунад? Дили Самир вақте Марям номашро гирифт, аз ҳаяҷон лабрез шуд. Ҳарчанд пазмонӣ то мағзи устухонҳояш нуфуз карда буд, ҷавон кӯшиш мекард, ки духтарро ба оғӯш нагирад, то ин лаҳзаро каме ҳаяҷоновартар кунад. Ҷавон бо табассум ба тарафи духтар гашт. Чашмони Марям чунон аз ашк пур шуда буданд, ки ӯро хира менишонданд. — Фикр кардам, ки маро фаромӯш кардаӣ, оҳучашми ман, — табассуми Самир васеътар шуд. — Самир! — духтар гирякунон худро ба оғӯши ҷавон партофт. Қариб якуним сол буд, ки ӯро интизор буд. Шабҳо хоб надошт. Хӯрокаш бемазза шуда буд. Ба хотири ӯ ҳамаро рад мекард. Ва ниҳоят вохӯрданд. Дастҳои ҷавон ба камари духтар печиданд ва ӯро ба худ наздиктар кашиданд. Ин гӯё шикастани ташнагии шадид ба об буд дар он лаҳза. Аз чашмони духтар пайваста ашк мерехт. — Омадед?! — Марям рӯяшро ба сӯи ӯ гардонида, боз ӯро ба оғӯш гирифт. Омадам, маҳбуби ман, омадам. — Дар ин лаҳза Марям дар вуҷудаш эҳсосоти аҷиберо ҳис кард. Ҷавоне, ки бори охир бо нигоҳҳои маҳзун дар аробачаи маъюбӣ дида буд, ҳоло бо қомати болову зебо ва бо боварӣ бар рӯи пойҳояш истодааст. — Ҳамеша аз сабаби дароз будани пойҳоятон дар аробача нишастан бароятон ноқат буд... Акнун бошад, ин қомат ба шумо ҳусни дигар бахшидааст. — Духтар аз ҳаяҷон гиря мекард ва аз чашмони Самир низ ашк мерехт. — Шумо шифо ёфтед?! — Духтар хост аз ҷавон каме дур шавад, аммо Самир гӯё аслан намехост ӯро раҳо кунад ва дастҳояшро маҳкам дошт. — Ба хотири ту! — Ҷавон лабҳояшро ба кафи дастони духтар пахш кард. Рӯи ӯро миёни дастҳояш гирифта, ба чашмонаш нигарист. — Ба чашмонам бовар карда наметавонам. Илтимос, бештар гап занед, овозатон хеле форам будааст, — духтар худро аз гиря аслан дошта наметавонист. — Ман... ман барои он ки ин пайкарро маҳкам ба оғӯш гирам, барои он ки ин дастҳоро дорам, барои он ки ин бӯйро ҳар лаҳза эҳсос кунам ва аз ҳама муҳимаш, барои он ки бидонам таъми ин лабҳои қирмизи ту чигуна аст, шифо ёфтам. Пазмонӣ то мағзи устухонҳоям нуфуз карда буд. Ту инро ҳатто тасаввур карда наметавонӣ, — Самир камари духтарро дошта, ба чашмонаш нигоҳкунон гап мезад ва дили Марям аз ҳаяҷон гум мезад. Духтар нигоҳашро ба замин дӯхт. Баъди ин суханони Самир ду рухсорааш лолагун гаштанд. — Шумо... шумо беҳаё шудаед, — духтар аз шарм чашмонашро гурезонд ва дар хона садои хандаи самимии ҷавон танинандоз шуд. — Ин гапро ҳамон духтарчае мегӯяд, ки ҳар шаб барои ман рақс мекард? — Самир рӯи духтарро ба сӯи худ гардонд ва Марям боз ҳам бештар шарм дошт. Нигоҳҳо боз ба ҳам бархӯрданд. Самир муддати тӯлонӣ ба чашмони Марям нигарист. Сипас нигоҳашро ба лабҳои қирмизи ӯ дӯхт. Духтар аз ҳаяҷон домани куртаашро маҳкам мефишурд ва вақте рӯи Самир ба ӯ наздик шуд, чашмонашро сахт пӯшид. Бӯсаи аввалин... Чӣ қадар ширин аст. Ҳеҷ кас онро фаромӯш карда наметавонад. Ҳатто агар ин як хато бошад ҳам, ба назари ҳама дигар хел менамояд. Хоҳ бо инсони дӯстдоштаат бошад, хоҳ бо касе, ки дӯсташ намедорӣ, ту ин лаҳзаро ҳеҷ гоҳ аз ёд намебарорӣ. Вақте ба ёд меорӣ, нохоста лабҳоятро мегазӣ. Ин ҳам барои Самир ва ҳам барои Марям бӯсаи аввалин буд. Аммо духтар аллакай 20 ва ҷавон 27-сола буданд. Онҳо хеле дер карданд... Идома дорад.2 комментария
3 раза поделились
2 класса
- Класс!0
добавлена 15 февраля в 14:00
9 комментариев
280 раз поделились
524 класса
- Класс!0
добавлена 13 февраля в 19:02
Пурсишҳо ва посухҳо | Мансур ва наҳзати заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ | Пурсиши шумораи 11 (Коди 20)
Вазифаи зан дар ин даврон чист? Чигуна метавонад имоми хешро ёрӣ диҳад? Ҳамаи таколифи фардӣ ва иҷтимоъӣ ки дар Ислом ташръи шуда, миёни мард ва зан муш...
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
0 комментариев
15 раз поделились
17 классов
- Класс!0
загрузка
Показать ещёНапишите, что Вы ищете, и мы постараемся это найти!