Предыдущая публикация
tajikpress

tajikpress

вчера 12:55

Баррасии паҳлӯҳои ҳамлаи террористӣ дар Сидней

Ин ҳамла соати 18:45-и рӯзи 14 декабри соли 2025 дар соҳили маъруфи Сидней дар Австралия рух дод; ҷое, ки садҳо нафар барои ширкат дар маросими равшан кардани шамъҳои Ҳанука, иди яҳудиён, ҷамъ омада буданд. Ҳамлагарон бо истифода аз мавқеи пули пиёдагард дар болои соҳил, ба сӯи издиҳом оташ кушоданд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, бар асоси иттилооти пулиси иёлати Ню Саут Уэлс, ҳамлагарони Сидней як падари 50-сола ва писари 24-сола буданд. Падар (Саид Акрам): соҳиби қонунии 6 адад силоҳ буд ва дар ҷараёни даргирӣ бо полис дар маҳалли ҳодиса кушта шуд. Писар (Навид Акрам): захмӣ ва боздошт шуд ва таҳти тадобири амниятӣ дар бемористон бистарӣ аст.
Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки яке аз онҳо қаблан ба созмони амнияти Австралия (ASIO) шинохта шуда буд, аммо ҳамчун таҳдиди фаврӣ арзёбӣ намешуд. Таҳқиқот ҳамчунин ба мавҷудияти маводи мунфаҷираи дастисохт дар худрави онҳо ишора кардааст.
Бар асоси охирин оморҳо, дар пайи ин ҳамла 16 нафари ҳозир дар маросим кушта ва ҳадди ақал 40 нафар захмӣ гардидаанд, ки ҳолати бархе аз онҳо вазнин гузориш шудааст. https://tajikpress.com/2025/12/15/%d0%b1%d0%b0%d1%80%d1%80%d0%b0%d1%81%d0%b8%d0%b8-%d0%bf%d0%b0%d2%b3%d0%bb%d3%af%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%bb%d0%b0%d0%b8-%d1%82%d0%b5%d1%80%d1%80%d0%be%d1%80%d0%b8%d1%81%d1%82%d3%a3/

Баррасии паҳлӯҳои ҳамлаи террористӣ дар Сидней - 5373038651326
Баррасии паҳлӯҳои ҳамлаи террористӣ дар Сидней - 5373038652350

Нет комментариев

Новые комментарии
Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
Следующая публикация
Свернуть поиск
Сервисы VK
MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
Войти
tajikpress

tajikpress

ЛентаТемы 3 746Фото 3 454Видео 19Участники 2 602
  • Подарки
Левая колонка
Всё 3 746
Обсуждаемые

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.

Зарегистрироваться